БАОР: Тоҷикистон ба фурӯши тилло дар бозорҳои беруна хотима дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тамоили коҳиши касри савдои хориҷии Тоҷикистон, ки аз баҳори соли 2020 ба мушоҳида мерасид, хотима ёфт, гуфта мешавад дар гузориши моҳи октябри Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

“Аз рӯйи натиҷаи моҳҳои январ-августи соли 2021 каср (нобаробарӣ) ба 1,2 млрд доллар (фарқият байни содирот ва воридоти маҳсулот) баробар шуда, дар ҳамин давраи соли 2020 он 0,96 млрд долларро ташкил дода буд”, – омадааст дар гузориши Бонк.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки сустшавии болоравии содирот ва мутаносибан афзоиши тавозуни манфӣ дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ асосан бо таваққуфи фурӯши тилло дар бозорҳои беруна маънидод мешавад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки воридот афзоишро идома дода, дар моҳҳои январ-августи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,4% ва дар моҳи август 60% зиёд шудааст.

«Ба ин тавсеаи талаботи дохилӣ мусоидат кард. Дар ҳоли ҳозир, саҳми асосиро ба он афзоиши сармоягузориҳо мегузорад, аммо дар давраи миёнамӯҳлат, мувофиқи интизориҳои мо, дар ҷараёни талабот нақши фаъолмандии истеъмолии аҳолӣ тақвият меёбад”, – хулоса кардаанд коршиносони БАОР.

Ёдрас мекунем, ки аз баҳори соли 2020, замони баста шудани сарҳадҳо ва ба муҳоҷирати корӣ рафта натавонистани шаҳрвандон, Тоҷикистон фаъолона ба фурӯши фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо оғоз кард. Дар натиҷа вуруди асъор аз ҳисоби интиқоли маблағ, ки фарқият байни содироту воридотро баробар мекунад, коҳиш ёфт.

Тайи якуним соли ахир фулузоти қиматбаҳо нисфи маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ташкил медод.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 1,4 млрд доллар фулузоти қиматбаҳо ба хориҷи кишвар содир шуд: соли 2020 – ба маблағи 690 млн доллар ва 8 моҳи соли 2021 – ба маблағи 708 млн доллар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...