Дар кӯҳҳои Ванҷ хирс ба ду сокини маҳаллӣ дарафтод

Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум як хирс ба ду сокини ноҳияи Ванҷи ВМКБ дарафтодааст. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 19 октябр дар деҳаи Ғумасти ҷамоати Рованди ин ноҳия рух додааст. “Қарибиҳои соати 10:00 ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ду сокини 48-сола ва 14-солаи деҳаи Вишхарви ноҳияи Ванҷ хирс дарафтодааст, – […]

Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум як хирс ба ду сокини ноҳияи Ванҷи ВМКБ дарафтодааст.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 19 октябр дар деҳаи Ғумасти ҷамоати Рованди ин ноҳия рух додааст.

“Қарибиҳои соати 10:00 ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ду сокини 48-сола ва 14-солаи деҳаи Вишхарви ноҳияи Ванҷ хирс дарафтодааст, – хабар медиҳад Кумита. – Ҳар ду аз ҳамлаи хирс ҷароҳат бардошта, хушбахтона, зинда мондаанд”.

Гуфта мешавад, ба ҷабрдидагон муяссар шудааст, ки аз таъқиби хирс халос шаванд ва бо ёрии сокинони маҳаллӣ онҳо ба беморхона оварда шудаанд. Айни замон вазъи солимии онҳо қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Тибқи маълумоти КҲФ, дар тирамоҳ хирсҳо фаъол мешаванд, зеро дар ҷангалҳо меваҳои буттагӣ пухта мерасанд ва хирсҳо ба онҳо майлу рағбати зиёд доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...