Толибон худро ҳукумати ҷавобгӯ ба ҳамаи меъёрҳо медонанд

Ҳаракати Толибон бар ин назар аст, ки ҳамаи шартҳои заруриро барои ба расмият шинохтан аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ иҷро кардааст. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон Амир Хон Муттақӣ изҳори назар кардааст, ки бо ҳайати ин кишвар ба ҷаласаи “Формати Маскав” омадааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости. “Чаро онҳо набояд моро ба расмият […]

Ҳаракати Толибон бар ин назар аст, ки ҳамаи шартҳои заруриро барои ба расмият шинохтан аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ иҷро кардааст.

Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон Амир Хон Муттақӣ изҳори назар кардааст, ки бо ҳайати ин кишвар ба ҷаласаи “Формати Маскав” омадааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

“Чаро онҳо набояд моро ба расмият шиносанд? Мо тамоми қаламрави Афғонистонро зери назорат дорем ва ҳамаи шартҳоро ба иҷро расонида, ба ҳамаи меъёрҳо ҳамчун ҳукумат мувофиқем”, – гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири ҳукумати толибон Абдул Салом Ҳанафӣ изҳор намудааст, ки ҳукумат дар Афғонистон аллакай фарогир (инклюзивӣ) аст.

Ҳамчунин намояндагони Толибон зикр кардаанд, ки роҳ нахоҳанд дод, ки вазъияти Афғонистон ба амнияти дигар кишварҳо хатар эҷод намояд.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз Толибон даъват кардааст, ки Афғонистонро ба пойгоҳи амал зидди кишварҳои ҳамсоя табдил надиҳанд, хабар медиҳад ТАСС.

“Русия аз ҳаракати Толибон даъват мекунад, ки қаламрави Афғонистонро ба сифати пойгоҳ барои амал алайҳи кишварҳои ҳамсоя истифода набаранд”, – изҳор доштааст Лавров.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи сеюм оид ба Афғонистон дар “формати Маскав” имрӯз дар Маскав оғоз гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони даҳ кишвари минтақа ва ҳайати толибон иштирок мекунанд. Намояндагони ҳукумати пешинаи Афғонистон, инчунин Ҷабҳаи муқовимат дар вохӯрӣ ҳузур надоранд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.