Намояндаи “Толибон” аз ислоҳот дар Афғонистон сухан гуфт

Намояндаи ҳайати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда), ки дар гуфтушуниди Маскав ҳузур дошт, ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳукумати аз ҷониби ин ҳаракат таъсисёфта ҳоло ниҳоӣ нест. “Минбаъд ислоҳот сурат гирифта, дар ҳукумат тағйирот мешавад. Наметавон гуфт, ки он ниҳоӣ аст ва тавре пештар гуфта будем, ин ҳукумати муваққатӣ мебошад. Ва […]

Намояндаи ҳайати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда), ки дар гуфтушуниди Маскав ҳузур дошт, ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҳукумати аз ҷониби ин ҳаракат таъсисёфта ҳоло ниҳоӣ нест.

“Минбаъд ислоҳот сурат гирифта, дар ҳукумат тағйирот мешавад. Наметавон гуфт, ки он ниҳоӣ аст ва тавре пештар гуфта будем, ин ҳукумати муваққатӣ мебошад. Ва оянда ислоҳот гузаронида мешавад”, – иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрӣ бо шахсони расмии Русия ҳайати толибон рушди робитаҳои иқтисодиро байни Русия ва Афғонистон баррасӣ кардаанд.

“Мо бо Русия муносибати хуб дорем. Масоили гуногун, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷоратиро баррасӣ кардем. Ба сурати умум, сиёсати ҳукумати нави муваққатии Афғонистон дар он ифода меёбад, ки бо истифода аз мавқеи ҷуғрофии кишвар, он ба маркази иқтисодие табдил дода шавад, ки ба густариши савдо миёни кишварҳои минтақа мусоидат намуда, ба ҳамгироии иқтисодии Афғонистон кумак кунад”, – гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Муовини сарвазири ҳукумати “Толибон”, роҳбари ҳайат Абдул Салом Ҳанафӣ дар навбати худ зикр кардааст, ки иштирокчиёни вохӯрӣ муҳим будани робитаҳо бо толибонро эътироф кардаанд.

“Ҳамчунин ҳамаи кишварҳои иштирокчии вохӯрӣ аз роҳандозии робитаҳои мутақобилаи зич бо ҳукумати нав дар Афғонистон дастгирӣ намуданд”, – иброз доштааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Русия вохӯрии “формати Маскав” оид ба Афғонистон ба кор оғоз намуд, ки дар он намоядагони даҳ кишвари минтақа ва ҳайати толибон иштирок мекунанд.

Масоили вазъияти кунунии ҳарбиву сиёсӣ дар Афғонистон пас аз ҳукуматро ба даст гирифтани толибон, мусоидати башардӯстона ва таъсиси ҳукумати фарогир дар ин кишвар дар меҳвари рӯзномаи вохӯрӣ қарор доранд. Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Маскав қабули изҳороти муштарак дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Вафо Алибек Ниятбекзода намояндагӣ мекунад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.