Нисбати блогнависи точик пас аз нашри акси таҳрикомез парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Нисбати блогнавис Руслан Бобиев, ки ҳамроҳи як духтар суратгузорише аз маркази шаҳри Маскав нашр кард, ба иттиҳоми таҳқири эҳсосоти диндорон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, менависад Lenta.ru. Бобиев ва духтари ҳамроҳи ӯ Чистова дар мурофиаи пешакии суд буданд. Суди Маскав ин масъаларо рӯзи 28 октябр баррасӣ мекунад. Бобиев ва духтари иштирокчии суратгузориш метавонанд ба муҳлати то […]

Нисбати блогнавис Руслан Бобиев, ки ҳамроҳи як духтар суратгузорише аз маркази шаҳри Маскав нашр кард, ба иттиҳоми таҳқири эҳсосоти диндорон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, менависад Lenta.ru.

Бобиев ва духтари ҳамроҳи ӯ Чистова дар мурофиаи пешакии суд буданд. Суди Маскав ин масъаларо рӯзи 28 октябр баррасӣ мекунад. Бобиев ва духтари иштирокчии суратгузориш метавонанд ба муҳлати то як соли зиндон ҷазо гиранд.

Руслан Бобиев 30 сентябр боздошт шуд. Блогнавис дар Instagram ва TikTok-и худ аксҳоеро дар пасманзари калисои Василий Блаженний дар Маскав нашр кард. Дар сурат духтаре бо либос (куртка)-и дорои навиштаҷоти «пулис» назди блогнавис истодааст ва ин ҷуфт алоқаи ҷинсии даҳониро тақлид мекунанд.

"Кодекси меҳнат Кодекси ҷиноятӣ нест ва онро риоя накардан ҳам мумкин аст", – навишта буд блогнавис зери акс.

Баъдан блогнавис барои ин кирдори худ узр пурсида, зикр кард, ки қаблан барои пранк низ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буд. Ҳамчунин изҳор намуд, ки бекор аст ва ба савол дар бораи он, ки ҳоло ҳам ба чунин аксбардориҳо машғул аст, посухи мусбат дод.

Руслан Бобиев аз Тоҷикистон ба Сочи ва сипас аз он ҷо ба Маскав омада, ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дохил шудааст. Ӯ дар Instagram ва TikTok саҳифаҳои худро дошта, шумори обуначииёнаш дар Instagram зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.