Дар Душанбе рушди низоми ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Иттилоияи расмӣ

Имрӯз дар Душанбе ҳамоиш бахшида ба 5-умин солгарди таъсисёбии муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш наздики 100 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, ташкилотҳои адвокатӣ ва расонаҳои хабарӣ иштирок карданд.

«Дастрасӣ ба адолати судӣ яке аз ҳуқуқҳои асосие мебошад, ки ҳам бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳам бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, бидуни он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосир ғайриимкон аст. Яке аз ҷанбаҳои муҳими дастрасӣ ба адолати судӣ ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ аст ва он ба ҳамаи шахсоне, ки имкони пардохт кардани чунин хизматрасониро надоранд, кафолат дода мешавад», – изҳор дошт Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён.

Пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгон дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мешавад. 

«Ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҳамаи одамон ҳуқуқ доранд. Агар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти самарабахши ҳуқуқшиносони давлатӣ фаро гирифта шаванд, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Ҳамзамон хизматрасонии як ҳуқуқшиноси давлатиро дар якчанд ноҳияҳо метавон таъмин кард. Истифода аз шаклҳои хизматрасонии инноватсионӣ, ба мисли пешниҳоди ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи сайёр ва онлайнӣ ҳам бамаврид аст», – гуфт Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон д-р Пратибха Мехта.

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки айни замон ҳуқуқшиносони давлатӣ ба сокинони 34 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа мерасонанд. Ҳамчунин дар ду вилоят – Суғд ва Хатлон аз ҷониби ҳимоятгарон ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа пешниҳод карда мешавад.

Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» аз соли 2016 то моҳи октябри соли 2021 ба зиёда аз 87 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа ва дуюмдараҷа расонидааст.

Тафсилоти бештар оид ба фаъолияти ин муассиса дар маҷаллаи тозанашри “Ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон” дастрас аст – https://bit.ly/3gIQorN

Маълумот: Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2-юми июли соли 2015, №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Мақсади он ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

Барои татбиқи Консепсия бо қарори дигари Ҳукумати ҶТ аз 28-уми ноябри соли 2015, №704 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» 4-уми июли соли 2020 қабул гардида, айни замон дар асоси он ба аҳолии кишвар ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа расонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...