Аз 23 октябр то 2 ноябр. Табибони араб кӯдакони нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд

Табибони Амороти Муттаҳидаи Араб дар маҷмааи тандурустии  «Истиқлол»-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ рӯзи 23-юми октябри имсол оғоз гардида, то 2 ноябр идома хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маҷмааи тандурустии «Истиқлол» иттилоъ доданд. Манбаъ гуфт, барои ҷарроҳии кӯдакони тоҷик беш аз 30 табиб ба Тоҷикистон омадаанд, ки танҳо […]

Табибони Амороти Муттаҳидаи Араб дар маҷмааи тандурустии  «Истиқлол»-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ рӯзи 23-юми октябри имсол оғоз гардида, то 2 ноябр идома хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маҷмааи тандурустии «Истиқлол» иттилоъ доданд.

Манбаъ гуфт, барои ҷарроҳии кӯдакони тоҷик беш аз 30 табиб ба Тоҷикистон омадаанд, ки танҳо дирӯз, 24 октябр 12 кӯдакро ҷарроҳӣ намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак намудан ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки наврасони то 18-сола, ки  нуқсони модарзодии дил доранд, метавонанд бо  маълумотномаи камбизоатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат муроҷиат кунанд.

Ин кӯдакон қаблан бояд дар Вазорати тандурустӣ ба қайд гирифта шуда, рӯйхати онҳо ба табибон супорида мешавад.

– Дар Вазорати тандурустӣ кӯдакон номнавис гардида, аз ташхиси табибон мегузаранд. Онҳоро ташхиси компютерии дил мегузаронанд, маълум мегардад, ки ин кӯдакон бемор ҳастанд ва оё ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд ё на, – шарҳ доданд аз Вазорати тандурустӣ.

Дар Вазорати тандурустӣ ҳамчунин илова намуданд, ки дар ҷараёни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки тобистони соли равон низ аз 12 то 19 июл табибони Амороти Муттаҳидаи Араб дар беморхонаи «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ намуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.