Табибони араб кӯдакони тоҷики гирифтори нуқсони қалбро ҷарроҳии ройгон мекунанд

Табибони Имороти Муттаҳидаи Араб дар беморхонаи «Истиқлол»-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ аз рӯзи 12-уми июли имсол оғоз гардида то 19-уми июл идома хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матуботии беморхонаи мазкур иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, бояд дар баробари табибони араб табибони Ҳиндустон низ кӯдакони гирифтори […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Табибони Имороти Муттаҳидаи Араб дар беморхонаи «Истиқлол»-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ аз рӯзи 12-уми июли имсол оғоз гардида то 19-уми июл идома хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матуботии беморхонаи мазкур иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бояд дар баробари табибони араб табибони Ҳиндустон низ кӯдакони гирифтори бемории қалбро ҷарроҳӣ мекарданд, вале мутаассифона бинобар вазъияти нигаронкунандаи беҳдоштии ин давалт онҳо натвонистанд ба Тоҷикистон биоянд. Аз ин хотир мегӯяд манбаъ, «ҳоло табибони араб танҳо найчаи қалб (стен)-ро тариқи лазерӣ мегузоранд ва навъҳои дигари ҷарроҳӣ сурат нахоҳад гирифт».

Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки 6 табиби иморотӣ ҳоло дар беморхонаи мазкур қарор дошта, ба кӯдакони бемори то 10-12 – сола найчаи қалб мегузоранд.

Ин кӯдакон қаблан бояд дар Вазорати тандурустӣ ба қайд гирифта шаванд ва рӯйхати онҳо ба табибон супорида мешавад.

«Дар Вазорати тандурустӣ кӯдакон номнавис гардида, аз ташхиси табибон мегузаранд. Онҳоро ташхиси компутарии дил мегузаронанд, маълум мегардад, ки ин кӯдакон бемор ҳастанд ва оё ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд ё на».

Манбаи мо аз беморхонаи “Истиқлол” гуфт, ки дар маҷмӯъ 100 кӯдак бояд ҷарроҳӣ мешуд, вале ҳоло шояд ба 30 ё 40 нафар найчаи дил гузоранду халос. «Дар маҷмӯъ дар рӯйихат 100 нафар буданд, вале бинобар ин ки бештари онҳо бемории сӯрохии дил доранд, ҷарроҳӣ намешаванд. Зеро амалиёти ҷарроҳии сӯрохии қалбро бояд табибони ҳиндӣ мегузарониданд ».

Аз «Истиқлол» ҳамзамон илова карданд, ки барои афроди беморе, ки ному насабашон дар рӯйхат нест, иштирок дар ин ҷарроҳӣ дер шуд. Ва ҳар нафаре, ки мехоҳад, ки фарзанд ё афроди наздикашон, ки аз бемории қалб азият мекашанд пешакӣ бояд дар Вазорати тандурустӣ номнавис шаванд ва бо омадани табибон онҳо метавонанд бо ҷарроҳӣ фаро гирифта шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.