Навсозии комили низоми гармидиҳии Душанбе: ним миллион нафар бо гармӣ таъмин мешаванд

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои таъмиру навсозии низоми марказии гармидиҳӣ дар Душанбе 10 млн доллар ҷудо мекунад, ки гуфта мешавад бар пайи он бештар аз ним миллион нафар сокини пойтахт бо гармӣ таъмин мешаванд. Тавре нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад, лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» дар ду марҳила 5,0 млн. қарзи имтиёзнок ва […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои таъмиру навсозии низоми марказии гармидиҳӣ дар Душанбе 10 млн доллар ҷудо мекунад, ки гуфта мешавад бар пайи он бештар аз ним миллион нафар сокини пойтахт бо гармӣ таъмин мешаванд.

Тавре нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад, лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» дар ду марҳила 5,0 млн. қарзи имтиёзнок ва дар ду марҳилаи дигар 5,0 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ татбиқ шуда, соли 2025 ба анҷом мерасад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз амалисозии лоиҳа кам намудани талафоти ғайримеъёрии неруи гармии дар шаҳри Душанбе истифодашаванда, коҳиш додани арзиши истеҳсолии неруи гармӣ ва бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои оби гарми шаҳри Душанбе мебошад.

“Дар доираи лоиҳа, инчунин, насби қубурҳои ҷадид ва системаи автоматикии таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, инчунин, муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои нав пешбинӣ гардидааст”, – омадааст дар хабари нашрия.

Вазири молияи ҷумҳурӣ ба вакилони парлумон шарҳ додааст, ки татбиқи лоиҳа барои ба таври автоматӣ баҳисобгирии неруи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён, ба роҳ мондани шаклҳои муосири қабули пардохт бе иштироки назоратчиёнро таъмин менамояд.

Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар доираи лоиҳа зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд.

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуҳалим Ғаффорзода зикр кардааст, ки Созишномаи грантӣ байни ҶТ, Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и ва БАТР оид ба татбиқи ин лоиҳа 14 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе имзо шудааст.

Вакил ҳамчунин гуфтааст, пас аз татбиқи лоиҳа аз ҳисоби кам намудани талафоти қувваи гармӣ, афзоиш додани миқдор ва маблағи неруи гармии фоиданок, кам гардидани шумораи назоратчиён ва кам гардидани хароҷот вобаста ба таъмирҳои ҷориву асосӣ дар шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе фоидаи иловагӣ ба даст меорад.

Ба гуфтаи Ғаффорзода, 93 фоизи маблағи лоиҳа ба рушди инфрасохтор равона гардида, 7 фоизи боқимонда барон нигоҳдории қурби асъор ва ҳолатҳои ғайричашмдошт равона мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.