Бозсозии роҳи Қалъаихумб-Ванҷ оғоз мешавад? Мактубҳои табодулии бозсозии роҳ ба парлумон фиристода мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи “Лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма” барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон фиристода шавад. Ин ҷо гап сари қитъаи ин роҳ аз Қалъаи Хумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон меравад, ки яке аз қисматҳои душворгузари роҳи мошингарди Душанбе-Қулма шуморида мешавад. Дар қарори […]

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи “Лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма” барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон фиристода шавад.

Ин ҷо гап сари қитъаи ин роҳ аз Қалъаи Хумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон меравад, ки яке аз қисматҳои душворгузари роҳи мошингарди Душанбе-Қулма шуморида мешавад.

Дар қарори дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлия нашршуда гуфта мешавад, мактубҳои мубодилавӣ 21 майи ҳамин сол имзо шудаанд. Дигар ягон маълумоти иловагӣ, аз ҷумла матни мактубҳои мубодилавӣ оварда нашудааст.

Қаблан, моҳи октябри соли 2019 зикр гардида буд, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаро дар бораи аз ҷониби Чин ҷудо гарддани кумаки бебозгашт ба маблағи ҳудуди 360 млн доллар тасдиқ намуд, ки қисмате аз ин маблағ барои таъмиру навсозии қитъаи 96-километрии ин роҳ пешбинӣ гардида буд.

Гуфта мешуд, созишнома 15 июни соли 2019 зимни сафари раиси Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистоназ ҷониби ҳукуматҳои ҳар ду кишвар имзо шудааст.

Моҳи августи соли гузашта президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ изҳор дошт, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ то охири соли 2020 оғоз мегарданд.

Президент зикр кард, ки паҳншавии пандемияи каронавирус корҳои вобаста ба имзои санадҳои дахлдорро доир ба амалисозии лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ ба таъхир андохт ва таъкид дошт, ки барои таъмиру таҷдиди ин қитъаи роҳ 2 млрд сомонӣ (зиёда аз 190 млн доллар бо қурби миёнаи соли 2020) равона мегардад.

То ин дам, охири соли 2019 президент зимни ироаи паём ба парлумон аз кори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ-таҳқиқотӣ” изҳори норозигӣ намуда, қайд кард, ки “чор сол инҷониб барои таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ як лоиҳаи муносиб омода карда наметавонанд”.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2015 ба таҳияи лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи Душанбе-Қулма дастур дода буд.

Дар назар аст, ки ба корҳои таъмиру таҷдиди  ин қитъаи роҳ яке аз ширкатҳои сохтмони Чин машғул хоҳад шуд, ки бар асоси озмун интихоб мешавад.

Дар доираи корҳои таҷдид дар ин қитъа сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.