Тоҷикистон ҳамин ҳафта воксини чинии зиди коронавирусро ворид мекунад. Дар пасманзари сирояти дигарбора?

Тоҷикистон ҳамин ҳафта 300 ҳазор воя воксини чинии «CoronaVac»-и зидди бемории коронавирусро аз Чин  ворид мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, ҳоло ҷониби Тоҷикистон тамоми хуҷҷатгузориро омода карда, интизри ворид шудани воксин ҳастанд. Ӯ гуфт, ваксина «CoronaVac» […]

Тоҷикистон ҳамин ҳафта 300 ҳазор воя воксини чинии «CoronaVac»-и зидди бемории коронавирусро аз Чин  ворид мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло ҷониби Тоҷикистон тамоми хуҷҷатгузориро омода карда, интизри ворид шудани воксин ҳастанд. Ӯ гуфт, ваксина «CoronaVac» аз ҷониби ширкати дорусозии «SinoVac» истеҳсол гардида, ҳаҷми ваксинаҳое, ки ба мо фиристода мешаванд, барои 150 ҳазор нафар бо ду воя ваксина бо фосилаи 2-4 ҳафта пешбинӣ шудааст.

 «Ҳоло мо талош дорем ҳарчи зудтар воксинҳо ворид шаванд ва мардум эм карда шаванд. Чун вазъият дар давлатҳои хориҷ, аз ҷумла дар Русия якбора нигаронкунанда гардидааст. Ва мо бояд ба мардум дар бораи фоидаи ваксина ва оқибатҳои он фаҳмонем. Мо ҳоло шабу рӯз ба ҳуҷҷатгузории воксинҳо банд ҳастем», – илова кард Ҷаъфаров.

Ин дар ҳолест, ки тақрибан баъди бештар аз 6 моҳе, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар дигар мавридҳои сироятёбӣ ба коронавирус сабти ном нашудааст, расонаҳо аз даҳҳо мавридҳои нави сироятёбӣ хабар медиҳанд. 

Аз ҷумала рӯзи 12 июн "Азия-Плюс" бо такя ба як манбаи худ дар озмоишгоҳи «Диамед» иттилоъ дод, ки 8 июн танҳо дар шаҳри Душанбе 100 гирифтори коронавирус ошкор карда шудаанд. Ҳамчунин ба мо дар озмоишгоҳҳои дигар низ пайдо шудани беморонро тасдиқ кардаанд.

Радиои Озодӣ ҳам дар як матлабаш навишт, ки  "дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ ошкор нашудани ягон ҳолати нави сирояти коронавирусро таъкид мекунад, табибон, кормандони озмоишгоҳҳо, расонаҳо ва наздикони беморон аз бозгашти COVID-19 ба кишвар хабар медиҳанд".

Ҳомид Ҳомидзода, сардухтури дармонгоҳ ё поликлиникаи рақами 13-и шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки 10 ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус аз ҳисоби сокинони марбут ба муассисаи тиббии онҳо ба қайд гирифта шудаанд ва бархе аз онҳо дар шароити хона ва дигарҳо дар бемористон муолиҷа мешаванд.

Ин масъули баланмақоми Вазорати тандурустӣ инчунин гуфт, ки ҳоло рӯихати ашхоси аз 60-сола болоро омода карда, эмгузарониро оғоз мекунанд.

Ҷаъфаров ҳамчунин гуфт, ки боқимондаи ваксини Astra Zeneca – 1.8 миллион дар доираи барномаи COVAX охири моҳи июл ба Тоҷикистон ворид мегардад ва аҳолӣ бо ваксина фаро гирифта мешаванд.

«Ҳуҷҷатгузории боқимонда ваксинаи Astra Zeneca-ро оғоз  намуда ва  дархости ворид намудани  онро мефиристем. Моҳи июл ин вакисна низ ворид мегардад».

Ҷаъфаров илова кард, ки то кунун дар саросари кишвар беш аз 13 ҳазор нафар такроран бо ваксинаи «Astra Zeneca» эм гузаронидаанд ва эмкунӣ илома дорад.

Ёдовар мешавем, ки то ҳол дар Тоҷикистон  танҳо воксини «AstraZeneca»-и бритониёӣ, ки дар Ҳиндустон истеҳсол шудааст ворид ва бе қишҳои осебпазири мардум гузаронида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.