Як миллион доллар қарзи андози “Тоҷиктелеком” аз эътибор соқит мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон як қатор қарорҳое қабул кард, ки дар онҳо барои аз эътибор соқит кардани қарзҳои чанде аз андозсупорандагон ва ба бархеи дигар ба таъхир гузоштани пардохти андоз дастур дода мешавад. Дар қарорҳои дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлия нашршуда воҳиди зертобеъи Хадамоти алоқа – ҶСК “Тоҷиктелеком” аз пардохти андозу ҷарима ва фоизҳо ба он […]

Ҳукумати Тоҷикистон як қатор қарорҳое қабул кард, ки дар онҳо барои аз эътибор соқит кардани қарзҳои чанде аз андозсупорандагон ва ба бархеи дигар ба таъхир гузоштани пардохти андоз дастур дода мешавад.

Дар қарорҳои дар пойгоҳи маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлия нашршуда воҳиди зертобеъи Хадамоти алоқа – ҶСК “Тоҷиктелеком” аз пардохти андозу ҷарима ва фоизҳо ба он озод карда мешавад.

Қарзҳои ин ширкат аз пардохти андоз ба маблағи зиёда аз 11 млн сомонӣ (ҳудуди 1 млн доллар), аз ҷумла наздики 5,5 млн сомонӣ андоз ва зиёда аз 5,5 млн сомонӣ фоиз ва ҷарима ба онҳо аз эътибор соқит карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком” дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон ба тиҷорат машғул аст.

Раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода моҳи феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро қарздори асосӣ аз пардохти андоз номбар кард.

Ӯ зикр кард, ки қарзи ширкати мазкур аз пардохти андоз ба аввали соли равон аз 86 млн сомонӣ (7,6 млн доллар) зиёд шуд.

Ҳамчунин андозу фоиз ва ҷаримаҳои ширкати “Медимпекс” ба маблағи умумии зиёда аз 312 ҳазор сомонӣ, зиёда аз 4,5 млн сомонии ҶСК “Хоҷагии нақлиёти №2 ва дигар корхонаҳои дар шаҳри Кӯлоб сабтиномшуда: корхонаи фаръии обу корези шаҳри Кӯлоб, ҶСК “Пахтаи Кӯлоб”, ҶДММ “Фаридун-К”, ҶДММ “Хишти Кӯлоб”, ҶДММ “Суғдиён”, ҶСК “Кӯлобгаз”, ҶДММ “Лоиқ”низ аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Инчунин ба 8 воҳидҳои минтақавии Агентӣ оид ба таъмини амволи махсуси назди ҳукумат пардохти қарз ба маблағи зиёда аз 2,4 млн сомонӣ ба таъхир гузошта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳудуди 74%-и даромади буҷети давлатии кишварро дар семоҳаи аввал маблағҳо аз пардохти андоз ташкил додаанд.

Қисмати даромади буҷет дар ин давра 4,5% барзиёд иҷро шуда, ба зиёда аз 6 млрд сомонӣ (530 млн доллар) баробар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.