“Қонунҳо риоя намешаванд”. “Кодекси иттилоот” мушкили журналистонро осон мекунад?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Журналистони тоҷик мехоҳанд, ҳудуди 15 қонуне, ки муносибатҳои иттилоотӣ ва фаъолияти рӯзноманигорону воситаҳои ахбори оммаро дар кишвар ба танзим медароранд, дар як кодекси алоҳида – “Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гирд оваранд. Таҳиягарони лоиҳа, онро давоми 2 сол омода карда, дар байни рӯзноманигорон ба муҳокима гузоштаанд.

Кодекси иттилооти Тоҷикистон аз 2 қисм, 15 боб ва 247 модда иборат буда, тағйироти ҷиддиро дар пай надорад ва танҳо қонунҳои ҷории марбут ба ВАО – ро дар бар мегирад.

Вале роҳбари Асотсиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ва яке аз таҳиякунандагони кодекси мазкур Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ин як шонси хуби такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО аст.

Мавсуф гуфт, дар мавриди ворид накардани қонунҳои соҳавӣ, мисли қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ба кодекси мазкур баъзе пешниҳодот буд, вале гурӯҳи корӣ онҳоро ба кодекс ворид кард.

«Дар баъзе қонунҳои ВАО меъёрҳое ҳастанд, ки зидди якдигаранд. Зиддунақиз дар меъёрҳои қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, оид ба мафҳумҳои алоҳида, муҳлатҳо дида мешавад ва мақсади таҳияи кодекс ба танзим даровардани ҳамаи ин қонунҳо ва ташкил кардани низоми ягонаи иттилоот аст», – гуфт Қаршибоев.

3 ё 30 рӯз? Муҳлати посухи журналистӣ чанд рӯз аст?

Муаллифони тарҳ дар баробари дигар мушкилиҳои журналистон ҳамчунин масъалаи муҳлати муайяни посух додани мақомоти давлатӣ ва масъулини ниҳодҳои дигарро ба дархости журналистӣ ва муроҷиати шаҳрвандон ба назар гирифтаанд. Ба андешаи Қаршибоев дар баъзе қонунҳо муроҷиатро аз дархост фарқ намекунанд. Дар кодекс бошад ба таври мушаххас шарҳ дода шудааст, ки муроҷиат ва дархости иттилооотӣ аз якдигар фарқ доранд ва муҳлати посух додан ҳам мухталиф аст.

«Дархости иттилоотие, ки аз ҷониби ВАО ва журналист пешниҳод мешавад, бояд дар давоми 3 рӯз посух дода шавад. Масъалаҳои вобаста ба муроҷиатро дигар реҷаҳо ба танзим медароранд», – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи Кодекс пешниҳод шудааст, ки меъёри қонун, ки дар бораи дастгирии молиявии расонаҳо навобаста ба шакли моликият, бояд такмил дода шавад.

“Пешниҳоди дигар аст, ки дахлнопазирии журналист ҳангоми фаъолияти касбиаш дар меъёри кодекс бояд мушаххас оварда шавад. Дар маҷмӯъ, кодекс ба масъалаҳое, ки то ба ҳол норушан аст, равшанӣ андохт ва агар рӯзноманигорон кӯшиш кунанд ки меъёрҳои қонунро дар амал татбиқ кунанд, он ба рушди ВАО муосидат хоҳад кард”, -хулоса кард ин журналисти тоҷик.

“Мушкил дар нокомилии қонун нест, дар риоя нашудани он аст”

Вале бархе рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки ҳалли як идда мушкилоти асосии рӯзноманигорон, телевизион ва радиоҳо ва дигар васоити ахбори омма дар таҳияи қонунҳо набуда, балки он қонунҳо аз ҷониби мақомдорон риоя карда намешавад.

Онҳо дахлнопазирии журналист, гузаштан ба пахши рақамӣ, аз байн бурдани монополия ва рақобати носолим дар ин кор, тартиби додан ва бекор кардани аккредитатсияи журналистони расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистонро аз мушкилиҳои умдаи соҳа медонанд ва мегӯянд то ба ҳол роҳҳалҳои қонунии онҳоро ба таври аниқу равшан муайян накардаанд.

Журналисти шинохтаи тоҷик Марат Мамадшоев бар ин назар аст, ки мушкилот дар журналистикаи тоҷик ва дар маҷмӯъ ҷомеа дар он нест, ки қонунҳо нокомиланд, балки онҳо риоя намешаванд.

Аммо мегӯяд, албатта ба равандҳои такмили заминаи ҳуқуқӣ мусоидат кардан лозим аст, зеро фаъолияти журналистонро  қонунҳо танзим мекунанд.

«Муҳим он аст, ки ин қонунҳо ба рӯзноманигор барои иҷрои вазифаи худ оид ба иттилоотонии ҷомеа кумак кунанд. Мо бояд чунин кодекс дошта бошем, ки асос барои баҳс бо мансабдороне бошад, ки намехоҳанд ба мо маълумот диҳанд ва ё моро барои танқид таъқиб кунанд. Аз ин рӯ, ба мо кодекси иттилоотие лозим аст, ки таҷрибаи беҳтарини кишварҳои пешрафтаро муттаҳид созад, ихтилофот дар қонунҳоро аз байн барад ва барои мо санади судманди ҳуқуқӣ гардад», – гуфт Мамадшоев.

Гуфта мешавад, ки баъди баррасии ниҳоӣ тарҳи кодекс ба парлумон пешниҳод мешавад. Аз рӯйи нақшаи кории парлумон ин кодекс бояд тобистон ё тирамоҳи соли 2022 ба тасвиб расад

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...