Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти Теҳрон вобаста ба вазъи Афғонистон иштирок мекунад

Дуюмин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пагоҳ дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон баргузор мешавад. Дар ин бора Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон дар як нишасти матбуотӣ хабар дод. "Ин ҷаласа бо ҳузури чаҳор тан аз вазирони хориҷии кишварҳои Ӯзбекистон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад", – изҳор доштааст […]

Дуюмин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пагоҳ дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон баргузор мешавад.

Дар ин бора Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.

"Ин ҷаласа бо ҳузури чаҳор тан аз вазирони хориҷии кишварҳои Ӯзбекистон, Покистон, Туркманистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад", – изҳор доштааст Хатибзода.

Дар идома ӯ гуфтааст, ки вазирони хориҷии ду кишвар Русия ва Чин ба сурати маҷозӣ дар ин нишаст иштирок мекунанд.

Аммо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то ҳол иштироки Сироҷиддин Муҳридинро дар ин нишаст расман тасдиқ ё рад накардааст. 

Нишаст дар Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад ва раисҷумҳури ин кишвар ҷаласаро ифтитоҳ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як изҳороташ гуфта буд, ки намояндаи Толибон дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.