Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Ӯзбекистон табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 октябр бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дода, ӯро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президенти Ӯзбекистон самимона табрик гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат зимни ёдоварӣ аз ҷараёни рушди бомароми ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба саҳми арзандаи Шавкат Мирзиёев дар пешбурди ин раванд баҳои баланд дод.

“Ҷонибҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ изҳори боварӣ намуда, омодагии худро барои ғанӣ гардонидани муносибат ва ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар бо мазмуну мундариҷаи бештару созанда таъкид намуданд”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти сарвари давлат.

Дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат зикр мешавад, ки пирӯзии эътимодбахши Шавкат Мирзиёев дар интихобот боз як далели равшани дастгирии умумимиллӣ аз роҳи сиёсии ӯст, ки ба рушди босуръати кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

“Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо минбаъд ҳам ба манфиатҳои халқҳои кишварҳоямон ва тамоми минтақа ҳамкории самарабахши байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро пеш хоҳем бурд”, – изҳори итминон кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикӣ.

Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон натиҷаҳои пешакии маъракаи интихоботи президентӣ дар ин кишварро расман эълон кард.

Тавре раиси Комиссия Зайниддин Низомхоҷаев хабар додааст, тибқи маълумоти пешакӣ номзад аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон, президенти кунунӣ Шавкат Мирзиёев 80,1%-и раъйи интихобкунандагонро касб кардааст.

Ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон Мақсуд Ворисов 6,6%; Ҳизби демократии Ӯзбекистон “Миллий тикланиш” Алишер Қодиров – 5,5%; Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон “Адолат”- Баҳром Абдуҳалимов – 3,11% ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов – 4,11%-и интихобкунандагон овоз додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...