Болоравии арзиши патент дар Русия. Танҳо дар Магадан арзонтар мешавад

Ҳукумати чанде аз вилоятҳои Русия боло бурдани арзиши патент барои муҳоҷирони кориро дар соли 2022 ба нақша гирифтаанд, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ. Тавре сомонаи omskregion.info менависад, ҳукумати вилояти Омск арзиши патентро аз 3 890 рубл дар як моҳ дар соли 2021 то ба зиёда аз 4 ҳазор рубл дар соли 2022 боло бурданист. Хабаргузории Regnum иттилоъ […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҳукумати чанде аз вилоятҳои Русия боло бурдани арзиши патент барои муҳоҷирони кориро дар соли 2022 ба нақша гирифтаанд, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ.

Тавре сомонаи omskregion.info менависад, ҳукумати вилояти Омск арзиши патентро аз 3 890 рубл дар як моҳ дар соли 2021 то ба зиёда аз 4 ҳазор рубл дар соли 2022 боло бурданист.

Хабаргузории Regnum иттилоъ медиҳад, ки  нархи патент дар вилояти Тюмен, ки соли 2021 дар як моҳ 5 896 рублро ташкил медод, соли оянда ба 6 203 рубл расида метавонад.

Ба иттилои торнамои Сиб.фм, соли 2022 арзиши патент дар вилояти Новосибирск ба андозаи 247 рубл ё худ 5,6% боло меравад. Соли 2021 нархи он ба 4,428,9 рубл баробар буд.

Хабаргузории interfax-russia бо истинод ба парлумони вилояти Сахалин иттилоъ медиҳад, ки патент барои муҳоҷирони корӣ дар ин минтақа дар сатҳи соли гузашта – 6 741,79 рубл боқӣ хоҳад монд.

Ҳукумати вилояти Магадан ба нақша гирифтааст, ки бинобар сабаби норасоии қувваи корӣ арзиши патентро 3 баробар поин барад, хабар медиҳад vesma.today.

Гуфта мешавад, айни замон арзиши патент дар ин вилоят моҳона 6 710,4 рублро ташкил дода, дар сурати қабули чунин қарор, нархи он то ба 2 312 рубл поин рафта метавонад.

Патент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти корӣ дар қаламрави Русия аст, ки бо тартиби бидуни раводид ба ин кишвар меоянд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ҳудуди 2 млн нафар муҳоҷирон бар асоси патент    дар Русия кор мекунанд.

Чанде қабл Федератсияи муҳоҷирони Русия тартиби нави гирифтани патент ва ҷорӣ шудани баъзе қоидаҳои навро дар ин самт шаҳру вилояти Маскав дар навори видеоии худ ба муҳоҷирон шарҳу тавзеҳ дод.

Федератсия хотиррасон мекунад, ки дар сурати пайдо шудани саволу нофаҳмиҳо ба телефонҳои 8 963 997-42-10 ва 8 926 130-75-00 муроҷиат кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, паёмҳои электронии худро метавонед ба суроғаи [email protected] ирсол намоед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.