“Ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон”. Ҳизби демократи Тоҷикистон ба суханони Жапаров вокуниш кард

Asia-Plus

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ба суханони президенти Қирғизистон Садир Жапаров вокуниш нишон дод.

Дар изҳороти ҳизб гуфта мешавад, ки Жапаров дар нишасти матбуотӣ масъалаҳои вобаста ба марзи миёни кишвараш бо Тоҷикистонро тарзе пешниҳод кардааст, ки гӯё тарафи Тоҷикистон мушкили асосии ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад. Вале дар ҳамин ҳол аз рафтори ҷониби Қирғизистон чизе нагуфтааст.

“Раиси ҷумҳури Қирғизстон дар бораи ҳамлаҳои марзбононаш ба қаламрави Тоҷикистон, сангборон кардани донишомӯзон ва шаҳрвандони тоҷик, якҷониба бастани роҳҳои марзӣ ва рафтуомади воситаҳои нақлиёти заминиву ҳавоӣ бо Тоҷикистон, ҳуҷумҳои беохири марзбонону шаҳрвандонаш ба қаламрави Тоҷикистон чизе намегӯяд. Ин амалкарди давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилал фишор ба давлати кишвари дигар дониста мешавад”, – гуфта мешавад дар изҳороти ҳизб.

Таъкид мешавад, ки Жапаров дар “амалиёти ватандӯстонаи худ” чуқуртар даромада,  бо поймол кардани ҳусни нияти ҳамсоягии нек, бозпас гирифтани ноҳияи Мурғобро, ки гӯё ба Қирғизистон тааллуқ дорад, изҳор мекунад, ки аслан қобили баҳс нест.

“Дар баҳсҳои пешин таърихнигорон ба ин масъала посух додаанд ва дубора пеш гузоштани он буғз иғвои бузургро дорад. Аз нигоҳи сиёсӣ, ин даъво ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст. Зеро аз замони таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ва ҷумҳурии мухтори ИҶШС ноҳияи Мурғоб дар қаламрави Тоҷикистон буд”, – омадааст дар изҳорот.

Қайд шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳамаи заминҳои мавриди баҳс бар асоси санадҳои расмӣ ва таърихӣ моли Тоҷикистонанд ва кишвари мо ба заминҳои он кишвар даъво намекунад. 

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки дар пайи ин изҳороти пурмуаммо, хабаргузориҳо аз афзоиши неруҳои мусаллаҳ ва афроди низомии ин кишвар дар назди марзи Тоҷикистон, харидорӣ ва интиқоли силоҳ ба ноҳияҳои наздимарзӣ хабар медиҳанд.

“Хеле рӯшан аст, ки раҳбарони Қирғизистон ба мушкили ҷиддии мухолифати дохилии сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Бинобар ин, бо истифода аз фишангҳои қудрат дар ин чанд соли ахир дар марзи миёни кишварашон бо Тоҷикистон мушкилоти худсохтаро ба роҳ монда, аз давлати Тоҷикистон “душман” сохтанд. Онҳо дар ин кор то ҳадде муваффақ шуда, ҷараёни мухолифати мардумиро бо роҳбарони сиёсӣ ба сӯйи “душмани сарзаминашон” – Тоҷикистон баргардонданд”, – таъкид мегардад дар изҳорот.

Ба гуфтаи аъзоёни ҳизб, сиёсати имрӯзаи давлати Жапаров барои ҳар ду давлати ҳамсоя ва мардуми минтақа хеле хатарнок аст. Чун роҳбарони ин кишвар ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаи мардумашонро дар қиболи Тоҷикистон болотару болотар мебардоранд.

“Бо дарки ҳамаи ин “тараддуду ташвишҳо”-и роҳбарони Қирғизистон, омодагии низомӣ, эҷоди фазои иттилоотии душманона дар қиболи кишвари ҳамсоя, даъвоҳои беохир ва беасос ба моликияти қонунии Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки давлати ҳамсоя мехоҳад мушкилотро бо қувваи зӯр ҳал кунад. Яъне раҳбарияти Қирғизистон тавонистааст ба ҷойи мушкилоти сиёсии дохилӣ дар зеҳни мардуми кишвараш эҳсоси интиқомҷӯйиро ҷойгузин кунад”, – гуфта мешавад дар баёния.

Таъкид мешавад, ки давлат ва миллати Тоҷикистон тарси ҳуҷуми ин кишварро надорад ва мардуми мо қодир аст ба ҳар  гуна таҳдидҳо посухи сазовор бидиҳад.

“Бор дигар ба раиси ҷумҳур ва сиёсатмардони давлати ҳамсояи Қирғизистон пешниҳод мекунем, ки дар ин айёми хушунатбор аз иқдомҳои мухолифатбарангез даст бикашанд ва дар мавриди сиёсати ҳамзистии осоишта дар фазои ҳамсоягӣ тадбирҳои чорасози осоиштаро биандешанд. Ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нест. Ҷанг хонахарорбии мардум ва кишварҳост”, – омадааст дар охири баёнияи шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...