Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 27 октябр бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни сафар президент бо рӯзгори мардум аз наздик шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун иштирок мекунад ва бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ дидору мулоқот мекунад. Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 27 октябр бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни сафар президент бо рӯзгори мардум аз наздик шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун иштирок мекунад ва бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ дидору мулоқот мекунад.

Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳри Бохтар президент нахуст Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Муассисаи нави соҳаи тандурустӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар расонидани ёрии босифати тиббӣ ба беморон ба Маркази перинаталии вилояти Хатлон як автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа кард.

Дар идома дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар бо ҳузури сарвари давлат Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Макбати хусусии инноватсионӣ” ба истифода дода шуд. Муассисаи таълимии хусусӣ аз таҳхона, 6 ошёна, 22 синфхона, 5 лаборатория, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Мактаби замонавӣ аз ҷониби оилаи Назризодаҳо барои 480 хонанда дар як баст бунёд гардида, раванди таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар муассисаи нави таълимӣ 300 нафар хонанда дар се зина ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.