Раисӣ: “Умедворем мулоқоти Теҳрон ба шаклгирии ҳукумати фарогир дар Афғонистон меанҷомад”

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки барои ширкат дар иҷлоси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон қарор дорад, бо раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ мулоқот кард. Дар ин бора сомонаи ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар мулоқот бо раисҷумҳури Эрон муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳаввулоти ахир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо вуҷуди он ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди мулоқоти мазкур иттилои бештар намедиҳад, расонаҳои эронӣ дар идома бар аҳамияти ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсоя, бахусус Эрон ва Тоҷикистон барои истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон таъкид кардааст.

– Мо дар пайи ташкили як ҳукумати фарогир, иборат аз тамоми қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон ҳастем, – гуфтааст Раисӣ.

Ба таъкиди раисҷумҳури Эрон, дар Афғонистон бояд як ҳукумати фарогире вуҷуд дошта бошад, ки амнияти Афғонистонро тазмин карда тавонад ва ба ҷанг, хунрезӣ ва бародаркушӣ хотима бахшад.

Раисӣ изҳори умедворӣ кардаст, ки иҷлоси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон “битавонад ба ҳамоҳангӣ ва гуфтумони муштараке дар шаклгирии ҳукумати фарогир дар Афғонистон бианҷомад”.

Муҳриддин: Узвияти Эрон дар СҲШ ба сулҳ дар минтақа мусоидат хоҳад кард

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ бо ибрози ризоят аз рушди муносиботи байни ду кишвар, сафари расмии Сайид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистонро “оғози як саҳифаи тозае дар равобити ду кишвар” хондааст.

– “Мо азм дорем, то сатҳи равобит ва ҳамкориҳоро бо Теҳрон ҳарчӣ бештар афзоиш диҳем ва тавофуқоти созишномаҳои ба даст омадаро амалӣ намоем”, – изҳор доштааст вай.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай манфиатҳои зиёде дошта, ба сулҳу субот дар минтақа мусоидат хоҳад кард”..

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суҳбат дар бораи вазъияти ҷорӣ дар Афғонистон, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ташкили як ҳукумати дар ҳақиқат фарогир дар ин кишвар мебошад, то замина барои суботу оромиш фароҳам шавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Теҳрон дувумин иҷлоси вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи наздики Афғонистон ба иловаи Русия оғоз шуд, ки дар он вазъи феълии фоҷеабори Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...