Хизматрасонӣ ба мусофирон тӯли 9 моҳ дар ФБД ду баробар афзуд

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” (ФБД) ба зиёда аз 613 ҳҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ анҷом додааст, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нӯҳ моҳи соли 2021 ба 613,035 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58,3% ё худ 225,6 […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” (ФБД) ба зиёда аз 613 ҳҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ анҷом додааст, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

“Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нӯҳ моҳи соли 2021 ба 613,035 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58,3% ё худ 225,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ФБД.

Гуфта мешавад, миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар нӯҳ моҳи соли 2021 – 965,8 тонна (152,6% зиёдтар нисбат ба 9 моҳи соли гузашта)-ро ташкил дода, дар ин давра аз фурудгоҳ 46 293 кг маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон парвозҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ анҷом дода мешаванд.

“Инҳо 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷи дур, 7 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ мебошанд”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳ.

Зимнан зикр мегардад, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе айни замон ба 13 шаҳрҳои Русия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Чин, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Амороти Муттаҳидаи Араб парвозҳо сурат мегиранд.

Дар хадамоти матбуоти ФБД ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки раҳбарияти фурудгоҳ кормандонеро, ки соли гузашта ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд, тадриҷан ба ҷойҳои кориашон баргардонида истодааст.

“Асосан кормандони хадамоти техникӣ, ки бевосита бо мусофирон сарукор доранд, ба кор даъват мешаванд”, – гуфтанд дар он ҷо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.