6:0 – Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бар дастаи Непал

Date:

Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В”байни ҷавонони то 23-сола (U-23), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бозии дуюми мунтахаби олимпии Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ бо тими Непал, ки дар Варзишгози марказии пойтахт баргузор шуд, футболбозони тоҷик ба дарвозаи ҳарфи 6 тӯби беҷавоб ворид карданд.

Дар бозии дуюми гуруҳи “В” мунтахаби Эрон бо ҳисоби 2:0 бар дастаи Лубнон дастболо шуд.

Ба ин тариқ, футболбозони ҷавони тоҷик дар ду бозӣ 7 тӯб ба дарвозаи ҳарифон равона карда, бо таносуби 7-0-и тӯбҳо дар садри ҷадвал қарор гирифтанд. Эрон зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 31 октябр дар бозии даври сеюм байни тимҳои Тоҷикистону Эрон тақдири ягона роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022 аз гуруҳи “В” ҳал мешавад. Барои Тоҷикистон натиҷаи мусовӣ ҳам кофист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...