Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ИМА намояндагӣ боз кард

Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷаи  Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Твиттераш дар бораи кушодашавӣ ва гирифтани иҷозатномаи (муҷаввиз) ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимат дар Амрико хабар дод. "Дафтари байналмиллалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон муҷаввизи ифтитоҳи расмӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дарёфт карда, ба зудӣ фаъолиятҳои худро дар саросари ҷаҳон густариш хоҳад дод", – навиштааст ӯ. […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷаи  Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Твиттераш дар бораи кушодашавӣ ва гирифтани иҷозатномаи (муҷаввиз) ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимат дар Амрико хабар дод.

"Дафтари байналмиллалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон муҷаввизи ифтитоҳи расмӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дарёфт карда, ба зудӣ фаъолиятҳои худро дар саросари ҷаҳон густариш хоҳад дод", – навиштааст ӯ.

Алӣ Майсам Назарӣ ба Афғонистон Интернешнл гуфта, ки муҷаввиз барои кушодани намояндагии байналмиллалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Вашингтон содир шудааст.

Вай гуфтааст: "Ин муҷаввиз аз сӯи вазорати адлияи Амрико содир шудааст".

Ҷаноби Назарӣ дар сӯҳбат ба ин хабаргузорӣ афзудааст, ки  чунин иҷозатномаҳо барои ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомӣ аҳёнан содир мешавад.

Гирифтани иҷозатнома ва кушодашавии дафтари Ҷабҳаи муқовимат дар Амрико дар ҳолест, ки ин ҷабҳа дар хориҷ аз Афғонистон дафтари расмӣ надошт ва гуфтугӯҳо дар бораи кушодашавии ин дафтар чанд бор аз сӯйи намояндагони ин ниҳод садо дода буд.

Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба портали Axios иттилоъ медиҳад, ҳадафи ифтитоҳи намояндагӣ муътақид сохтани сиёсатмадорони амрикоӣ ба дастгирии мухолифони афғон унвон шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст