Русия аз неруҳои афғон даъват кард, ки аз изҳороти ҷангҷӯёна даст кашанд

Дар пасманзари таъсиси Шӯрои олии муовимати миллии Афғонистон Русия аз неруҳои афғон даъват кард, ки аз изҳороти ҷангҷӯёна даст кашанд. Тавре РИА Новости хабар медиҳад, намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова гуфтааст, Маскав ҷараёни вазъмиятро дар Афғонистон пайгирӣ дошта, ба изҳороти неруҳои сиёсии ҳукумати пешина дар бораи таъсиси “Шӯрои олии муовимати миллӣ” барои муборизаи мусаллаҳона […]

asia+, asia+

Дар пасманзари таъсиси Шӯрои олии муовимати миллии Афғонистон Русия аз неруҳои афғон даъват кард, ки аз изҳороти ҷангҷӯёна даст кашанд.

Тавре РИА Новости хабар медиҳад, намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова гуфтааст, Маскав ҷараёни вазъмиятро дар Афғонистон пайгирӣ дошта, ба изҳороти неруҳои сиёсии ҳукумати пешина дар бораи таъсиси “Шӯрои олии муовимати миллӣ” барои муборизаи мусаллаҳона бо толибон таваҷҷуҳ кардааст.

“Мо аз тамоми нерӯҳои этносиёсии Афғонистон даъват мекунем, ки изҳороти ҷангҷӯёнаро канор гузошта, барои хотима бахшидан ба раванди мусолиҳаи миллӣ ҳамаҷониба саъйу талош кунанд”, – иброз доштааст вай.

Захарова таъкид доштааст, ки ташаббускорони таъсиси Шӯро сиёсатмадороне мебошанд, ки дар хориҷи Афғонистон қарор доранд, аз ҷумла маршал Абдул Рашид Дӯстум.

Ёдрас мекунем, ки чеҳраҳои сиёсие чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эълон карданд, ки Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломии Афғонистон таъсис меёбад.

Дар изҳороти Шӯро зикр гардид, ки “давлат дар асари бекифоятӣ, инҳисоргарӣ ва фасоди густарда ва дар натиҷаи як муомилаи номардона ва хоинона дучори беназмӣ ва низомӣ гардида, шерозаи давлат аз ҳам пошид".

Аъзои шӯро мехоҳанд мушкилоти Афғонистон аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл гардад. Аммо таъкид мекунанд, “дар сурате, ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳи ҳал тан надиҳанд, мо ночор ба бахши дуввуми мубориза (фаъолиятҳои низомӣ) мутавассил хоҳем шуд”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.