Бокс: Пирӯзии боз як муштзани тоҷик дар даври аввали чемпионати ҷаҳон

Дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо ҷараён дорад. Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 28 октябр се варзишгарамон ба ринг баромаданд – дар вазни 57кг Хусравхон Раҳимов муқобили Йилмар Гонзалез (Колумбия), дар вазни 67кг Саидикром Амонов муқобили Мартин Скогейм (Норвегия) ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов муқобили […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Белгради Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо ҷараён дорад.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, 28 октябр се варзишгарамон ба ринг баромаданд – дар вазни 57кг Хусравхон Раҳимов муқобили Йилмар Гонзалез (Колумбия), дар вазни 67кг Саидикром Амонов муқобили Мартин Скогейм (Норвегия) ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов муқобили Элли Очола (Кения).

Аз миёни онҳо танҳо ба Ҷаҳон Қурбонов муяссар шуд, ки ба даври дигар барояд. Ӯ дар даври дуюм ҳарифи кениягиашро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Ҳар ду дар даври аввал озод буданд. Акнун Ҷаҳон дар даври сеюм 31 октябр бо Наренда аз Ҳиндустон муҳориба мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар даври аввал Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле пирӯз шуда буд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия 24 октябр оғоз шуд ва то 6 ноябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар дар ин мусобиқа ширкат доранд.

Имрӯз – 29 октябр шоҳиди маҳорати Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бо Роланд Верес (Венгрия) ва Парвиз Каримов дар вазни 92кг бо Ҷамар Телей (ШМА) хоҳем шуд.

30 октябр аввалин қувваозмоиҳояшонро Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Россия) дар вазни 63.5кг ва Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг анҷом медиҳанд. Инчунин Шаббос Негматуллоев дар рақобати дуюмаш бо Самуел Камара аз Сера Леон муҳориба мекунад.

Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард, ки дар таърихи чорабинӣ беназир аст.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор ва 25 ҳазор доллар қадрдонӣ мешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.