Ҳуҷҷатҳои 17 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сӯхтор нобуд гардида буд, барқарор шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки  дар шаҳри Маскав дар натиҷаи сӯхтор аз даст дода буданд, барқарор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки 17 нафар шаҳрванди Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки  дар натиҷаи сӯхтор ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд,  аз ҷониби Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ  таъмин гардиданд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҷуброни молу ашёи   талафёфтаи  60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  дар сӯхтор  бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия  аз ҷониби корфармо пардохт гардид.

Рӯзи 20 октябр дар ҳудуди иншооти  сохтмонии  воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав  сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор дар натиҷаи  риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух дода буд.

Дар иншооти  мазкур беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон  молу ашё  ва зиёда  аз 17  нафар ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...