Пахта қимат мешавад, ин ба Тоҷикистон даромади зиёд оварда метавонад

Болоравии нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба кишоварзони тоҷик имкон дод, ки маҳсулоти худро ду баробар гаронтар нисбат ба соли гузашта ба фурӯш гузоранд. Тайи 10 соли ахир имсол бори нахуст парвариши пахта фоидаовар шуд. Рӯзи 1 ноябр нархи пахта дар ҷаҳон бори аввал аз соли 2011 ба 1,1 доллар барои як фунт расид. Ин […]

Болоравии нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба кишоварзони тоҷик имкон дод, ки маҳсулоти худро ду баробар гаронтар нисбат ба соли гузашта ба фурӯш гузоранд. Тайи 10 соли ахир имсол бори нахуст парвариши пахта фоидаовар шуд.

Рӯзи 1 ноябр нархи пахта дар ҷаҳон бори аввал аз соли 2011 ба 1,1 доллар барои як фунт расид. Ин барои як килограмм тақрибан 2,25 долларро ташкил медиҳад.

Коршиносон ба чанд далели боло рафтани қимати пахта ишора мекунанд. Ҳосили кам дар як қатор кишварҳои пахтакор бо сабаби хушксолӣ, афзоиши талабот ба либосҳои пахтагӣ ва васеъ шудани номгӯи маҳсулоти пахтагӣ дар саросари ҷаҳон аз ҷумлаи чунин далелҳо номида шуда, имрӯз пахта на танҳо дар саноати нассоҷӣ, балки инчунин дар саноати ҳарбӣ, тиббӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолот истифода мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 1 ноябр дар Тоҷикистон 350 ҳазору 397 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 25 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Гуфта мешавад, ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷгиҳои вилояти Хатлон – 280 ҳазор тонна рост меояд.

Дар вилояти Суғд ҳудуди 134 ҳазор тонна ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 6 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Соли 2021 Тоҷикистон аз майдони 174 ҳазору 155 гектар зиёда аз 400 ҳазор тонна ҳосили пахта гирифтанист.

Ширкатҳои харидор ба фермерон нархҳои аз 8 то 11 сомонӣ пешниҳод мекунад. Қаблан нарх 4-5 сомониро ташкил медод.

Мувофиқи ҳисобу китоби коршиносон, хароҷот ба истеҳсоли 1 кило нахи пахта бо назардошти гароншавии хидматрасониҳои техника ва нуриҳои минералӣ, аз 6 то 8 сомониро ташкил медиҳад.

Дар зарфи 9 моҳи соли 2021 Тоҷикистон ба маблағи 135 млн доллар ҳудуди 72 ҳазор тонна пахта ба хориҷи кишвар содир кард.

Нархи маҳсулоти нассоҷӣ боз ҳам болотар рафт. Аз ин рӯ, коршиносони ватанӣ ва Русия ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ба татбиқи барномаи рушди дохилии коркарди пахта бо натиҷаи маснуоти бештар душвортар идома бахшад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.