Қарз аз неругоҳи “Сангтӯда-1” ба беш аз 2 млрд сомонӣ расид

Ба ҳолати то 1 ноябри соли 2021 қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” барои интиқоли барқ ба беш аз 2 млрд сомонӣ расид. Қарздорӣ амалан аз замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввал дар соли 2008 сар шуда, мунтазам зиёд мешавад. Пардохт аз ШСХК “Барқи тоҷик” дар доираи ҷадвалҳои пардохтҳои ҳади ақалл (ҳудуди 40% […]

Иттилоияи расмӣ

Ба ҳолати то 1 ноябри соли 2021 қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” барои интиқоли барқ ба беш аз 2 млрд сомонӣ расид. Қарздорӣ амалан аз замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввал дар соли 2008 сар шуда, мунтазам зиёд мешавад.

Пардохт аз ШСХК “Барқи тоҷик” дар доираи ҷадвалҳои пардохтҳои ҳади ақалл (ҳудуди 40% аз арзиши барқи харида) сурат мегирад, ки  ба таъмини кори доимии неругоҳ, анҷоми корҳои таъмир ва пардохти музди меҳнат ба кормандон имкон медиҳад, аммо неругоҳ ба иҷрои уҳдадориҳои худ ба саҳмиядорон, инчунин назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ имкон намеёбад.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” яке бузаргтарин қарздорон аз пардохти андоз  ба буҷети Тоҷикистон аст. Маблағи қарз аз андоз то 1 ноябри соли ҷорӣ ҳудуди 170 млн сомонӣ (15 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Қарз аз андоз дар натиҷаи аз ҷониби ШСХ “Барқи тоҷик” пурра пардохт нашудани маблағи барқи интиқолёфта ва камбуди маблағ дар неругоҳ барои пардохти пурраи андозҳо ба вуҷуд омадааст, ки дар ниҳояти кор ба камшавии воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ боис мегардад.

Соли равон сатҳи пардохти маблағ барои барқ аз 38% боло нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.