Аз 30 ба 90 рӯз. Муҳлати сабти муҳоҷирон дар Қазоқистон тамдид шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз ин пас шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳангоми будубош дар кишварҳои якдигар метавонанд, то 90 рӯз бидуни қайд ҳузур дошта бошанд. Дар ин бора дирӯз, 1 ноябр Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон хабар дод.

Манбаъ менависад, ки ин иқдом дар асоси Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қазоқистон ва шаҳрвандони Қазоқистон дар ҳудуди Тоҷикистон қабул шудааст.

– Шаҳрвандони як тараф, ки муваққатан дар ҳудуди тарафи дигар қарор доранд, аз уҳдадориҳои бақайдгирӣ (бақайдгузорӣ дар маҳалли будубош) дар мақомоти салоҳиятдори давлати тарафи будубош дар давоми 30 шабонарӯз аз санаи вуруд озод карда шудаанд. Бақайдгирии шаҳрванди давлати яке аз тарафҳо дар муҳлати на бештар аз 90 шабонарӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба сарҳади давлати тарафи будубош ба қайд гирифта мешавад,- омадааст дар иттилоияи консулгарӣ.

Дар идома зикр мегардад, ки дар сурати машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо гирифтани иҷозати кор муҳлати будубошашонро дар қаламрави Қазоқистон як сол тамдид намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар баробари Русия шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Қазоқистон низ мераванд ва ба ин кишвар бештар онҳое мераванд, ки аз ҳуқуқи кор дар Русия маҳрум шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...