Аз 30 ба 90 рӯз. Муҳлати сабти муҳоҷирон дар Қазоқистон тамдид шуд

Аз ин пас шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳангоми будубош дар кишварҳои якдигар метавонанд, то 90 рӯз бидуни қайд ҳузур дошта бошанд. Дар ин бора дирӯз, 1 ноябр Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон хабар дод. Манбаъ менависад, ки ин иқдом дар асоси Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони […]

Аз ин пас шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳангоми будубош дар кишварҳои якдигар метавонанд, то 90 рӯз бидуни қайд ҳузур дошта бошанд. Дар ин бора дирӯз, 1 ноябр Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон хабар дод.

Манбаъ менависад, ки ин иқдом дар асоси Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қазоқистон ва шаҳрвандони Қазоқистон дар ҳудуди Тоҷикистон қабул шудааст.

– Шаҳрвандони як тараф, ки муваққатан дар ҳудуди тарафи дигар қарор доранд, аз уҳдадориҳои бақайдгирӣ (бақайдгузорӣ дар маҳалли будубош) дар мақомоти салоҳиятдори давлати тарафи будубош дар давоми 30 шабонарӯз аз санаи вуруд озод карда шудаанд. Бақайдгирии шаҳрванди давлати яке аз тарафҳо дар муҳлати на бештар аз 90 шабонарӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба сарҳади давлати тарафи будубош ба қайд гирифта мешавад,- омадааст дар иттилоияи консулгарӣ.

Дар идома зикр мегардад, ки дар сурати машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо гирифтани иҷозати кор муҳлати будубошашонро дар қаламрави Қазоқистон як сол тамдид намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар баробари Русия шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Қазоқистон низ мераванд ва ба ин кишвар бештар онҳое мераванд, ки аз ҳуқуқи кор дар Русия маҳрум шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.