Тоҷикистон дар вохӯрии Ҳиндустон оид ба Афғонистон иштирок мекунад

Asia-Plus

Рӯзи 10 ноябр дар Ҳиндустон вохӯрии намояндагони воломақоми хадамоти амнияти миллии якчанд кишвар оид ба Афғонистон ба нақша гирифта шудааст.

Сафири Ҳиндустон дар Русия Бала Венкатеш Варма пеш аз анҷоми маъмурияташ дар ин кишвар зимни мусоҳиба ба хабаргузории ТАСС дар ин хусус изҳори назар кардааст.

“Машваратҳо (оид ба Афғонистон) дар сатҳҳои гуногун гузаронида мешаванд. Чанде пеш вохӯрӣ бо формати Маскав доир гардида, дар сатҳи мушовирон оид ба амнияти миллӣ музокирот ҷараён дорад. Моҳи сентябр сафари генерал Патрушев ба Ҳиндустон сурат гирифт. Пас аз ин ба гумони ғолиб, вохӯрии намояндагони воломақоми хадамоти амнияти миллии кишварҳои минтақа, ки рӯзи 10 ноябр дар Ҳиндустон пешбинӣ шудааст, баргузор мешавад”, – гуфтааст ӯ.

Ӯ зикр кардааст, ки Ҳиндустон ба масъалаи таъсири вазъияти Афғонистон ба минтақа дар маҷмӯъ таваҷҷуҳи хосса дорад.

“Дар вохӯрӣ намояндагони 6 кишвари минтақа – Ҳиндустон, Покистон, Чин, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд”, – иброз доштааст сафир.

Ҳамзамон дар шарҳи натоиҷи мулоқоти Афғонистон дар формати Маскав, вай онро “…саҳми арзандаи Русия – гирдоварии ҳама ҷонибҳо барои таваҷҷуҳ ба бӯҳрони афзояндаи башардӯстона дар Афғонистон ва ҳамчунин мушкилоти терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва таъсир ба амният дар Осиёи Марказӣ» номидааст.

«Аммо дар мавриди эътирофи Толибон, фикр мекунам, ки дар ин бора сӯҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст, зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бобати хусусияти ҳукумате, ки мумкин аст ташкил шавад ва ё мехоҳад Афғонистонро зери назорат гирад, нигарониҳо ҷой доранд, – зикр кардааст сафир. – Дар ҳошияи вохӯрии формати Маскав ҳайати Ҳиндустон бо ҳайати толибон вохӯрда, мо назари худ ва онҳо дидгоҳи худро баён карданд. Ин муколамаро идома медиҳем. Ҳеҷ кадоме аз тарафҳо ягон қарор қабул накардааст. Ба фикрам, мо мусоидати башардӯстона мекунем, зеро вазъи башардӯстона бад буда, Ҳиндустон ҳамеша ба некӯаҳволии мардуми афғон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...