Русия дар Тоҷикистон маркази омодагии пеш аз муҳоҷират боз карданист

Русия тасмим гирифтааст аз соли 2022 то соли 2025 дар кишварҳои асосии таъмини қувваи корӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон се маркази тайёрии пеш аз муҳоҷиратро муҷаҳҳаз  ва роҳандозӣ кунад. Тавре ки хабаргузории Фарғона иттилоъ медиҳад, муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар ин робита гуфтааст, шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд маҷмӯи пурраи хидматгузориҳоро дар […]

Asia-Plus

Русия тасмим гирифтааст аз соли 2022 то соли 2025 дар кишварҳои асосии таъмини қувваи корӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон се маркази тайёрии пеш аз муҳоҷиратро муҷаҳҳаз  ва роҳандозӣ кунад.

Тавре ки хабаргузории Фарғона иттилоъ медиҳад, муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар ин робита гуфтааст, шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд маҷмӯи пурраи хидматгузориҳоро дар бахши муҳоҷират дарёфт кунанд ва “бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо барои кору зиндагӣ дар қаламрави кишвар ба Русия биёянд”.

Ба гуфтаи муовини вазир, дар доираи ташаббуси стратегии ҳукумат “Русия – кишвари ҷолиб барои таҳсилу кор” оид ба “вуруд ба бозори кори Русия”, ки ба афзоиши хориҷиёни расман машғули кор то 3,5 млн нафар дар соли 2030 имкон медиҳад, тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Дар яке аз тадбирҳо ташкили фазои рақамӣ оид ба таъмини шуғли хориҷиён дар Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пешбинӣ шуда, бо ин мақсад замимаи махсуси “Кор дар ИИАО” роҳандозӣ мешавад.

Муовини вазир дар шарҳи ин масъала гуфтааст, Русия ҳамчун "маркази ҷалби ҷавонони боистеъдод, захираҳои баландсифати меҳнатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёт" мавқеъгирӣ карда, талошҳои асосӣ барои ҷалби ҷавононе равона хоҳад шуд, ки нақшаи пайвастани зиндагӣ ва касби худро бо Русия доранд.

То соли 2024 шумори омӯзгорони забони русӣ дар хориҷи кишвар чаҳор баробар афзоиш меёбад (аз 150 ба 618 омӯзгор), ки як навъ “сафир”-и маорифи Русия хоҳанд шуд. Дар натиҷа, то соли 2030 дар назар аст, ки шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия ҳамасола 1,5 маротиба (аз 300 ҳазор то 450 ҳазор) зиёд шавад. Дар байни онҳо боистеъдодтарин (на бештар аз 5%) кӯмаки грантӣ гирифта, ба дарёфти иҷозаи иқомат (ВНЖ) имкон пайдо мекунанд.

Гуфта мешавад, боз як самти дигари кор – ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ ва сармоягузорон ба Русия аст. Вазорат барои мутахассисони ҳирфаие, ки давоми 2 сол дар Русия кор карда, андоз пардохт кардаанд, дар бораи “шиносномаҳои тиллоӣ” ва иҷозаи иқомати бемуҳлат ду лоиҳаи қонун таҳия кардааст.

Муовини вазир зикр кардааст, ки аз ин ташаббусҳо натиҷаи "беш аз 200 млрд сармоягузориро ба иқтисоди Русия то соли 2030" интизорӣ доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.