Аз гӯшаи Тоҷикистон дар “ЭКСПО-2020” 100 ҳазор нафар боздид кард

Asia-Plus

Дар муддати як моҳи кори Намоишгоҳи байнулмилалии “ЭКСПО-2020” дар Дубай 100 ҳазор нафар гӯшаи Тоҷикистонро тамошо карданд. Ҳамарӯза аз гӯшаи Тоҷикистон зиёда аз 2500 нафар боздид намуда, рӯзҳои истироҳат шумори онҳо ба ҳудуди 8500 нафар мерасад.

Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнулмилалии “ЭКСПО-2020” бо фарогирии мавзӯи “Об барои рушди устувор” пешниҳод шудааст.

Зиёда аз 50 нафар иштирокчиён: вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони бахши хусусӣ дастовардҳои худро дар шакли тарҳҳои намоишӣ ва намунаҳои маҳсулот муаррифӣ мекунанд.

Дар гӯша соҳаи гидроэнергетика, захираҳои об, саноати сабук, хӯрокворӣ ва кӯҳӣ, бахши кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои шифобахши коркардшуда, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳайвоноти нодир ва ваҳшӣ ва ғайра муаррифӣ шудааст.

Нигора ва маводи намоишгоҳ дар шакли суратҳои калонҳаҷм, тарҳҳо ва филмҳои видеоӣ пешниҳод мешаванд.

Маводи иттилоотӣ дар бораи муҳити сармоягузорӣ ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар шакли электронӣ ва чоп дар коғаз пешкаш шудаанд.

Тибқи маълумоти дастандаркорони чорабинӣ, аз замони ифтитоҳи Намоишгоҳи байнулмилалии “ЭКСПО-2020” дар Дубай зиёда аз 2,35 млн нафар аз он боздид кардаанд. Ҳудуди 17%-и онро хориҷиён ташкил медиҳанд. Меҳмонони аз ҳама зиёдтар аз Ҳиндустон, Олмон, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва Британияи Кабир ба қайд гирифта шудааст.

То имрӯз аз 185 кишвар ба тамошои намоишгоҳ омадаанд. Ҳудуди 25% аз шумори тамошогарони “ЭКСПО-2020” ҷавонони синни то 18-сола мебошанд.

Дар моҳи аввал дар чорабиниҳои намоишгоҳ наздики 2 ҳазор ходимони гуногуни давлатӣ бо шумули сарони давлат ва сарвазирон ширкат варзидаанд. Дар ин муҳлат ин ҷо 5 ҳазору 610 чорабиниҳои гуногун гузаронида шудааст.

Дар намоишгоҳи ҷаҳонӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб гӯшаи 192 кишвар ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Намоишгоҳи ҷаҳонии ЭКСПО чорабинии байнулмилалиест, ки таърихи бой дорад. Намоишгоҳ аз соли 1851 дар манотиқи мухталифи ҷаҳон баргузор шуда, дарёфти ҳаққи баргузории он барои ҳар кишвар боиси ифтихору эътибор аст.

Айни замон он натанҳо барои намоиши дастовардҳои техникӣ ва технологии кишварҳои гуногун, балки ба сифати имкони иловагӣ ҷиҳати муаррифии имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳӣ истифода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...