Тағйироти кадрӣ дар ВКД: яке сардори раёсат ва 8 сардори нави шуъба

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ин ниҳод хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, бар пайи ин тағйирот, ки 5-уми ноябр сурат гирифтааст, сардори як раёсат ва роҳбарони 8 шуъбаи ин ниҳод дар шаҳру ноҳияи кишвар нав шудаанд. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ин кадрҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфтаву аз онҳо хостааст, […]

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ин ниҳод хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, бар пайи ин тағйирот, ки 5-уми ноябр сурат гирифтааст, сардори як раёсат ва роҳбарони 8 шуъбаи ин ниҳод дар шаҳру ноҳияи кишвар нав шудаанд.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ин кадрҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфтаву аз онҳо хостааст, ки "барои таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо" талош кунанд.

Ҳамин тавр, ВКД мегӯяд, ки сарҳанг (полковник) – Аскарҷон Абдурасулзода сардори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ  ва сарҳангҳо Илҳом Ҷабборзода Саттор сардори шуъбаи №2 ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Мирзо Фидозода сардори ШВКД Ёвон, Хайриддин Ҷаъфарзода сардори ШВКД-и ноҳияи Мурғоб, подполковникҳо Умед Ҳамидзода сардори ШВКД-и ноҳияи Рӯшон, Шоҳвалӣ Ташрифзода сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ ва майорҳо Абдурауф Ғаффорзода сардори ШВКД-и ноҳияи Ҷомӣ вилояти Хатлон, Ғолиб Пирмуҳаммадзода сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва Саидҷаъфар Икромзода сардори ШВКД-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таъин шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.