Таъсиси 229 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон давоми 9 моҳ

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 229 корхонаву коргоҳи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре дар гузориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар зикр мегардад, дар онҳо ба маблағи 363 млн сомонӣ (зиёда аз 30 млн доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар ҳисоботи Вазорат гуфта мешавад, дар корхонаву коргоҳҳои зикргардида 2067 ҷойи корӣ фароҳам оварда […]

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 229 корхонаву коргоҳи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре дар гузориши Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар зикр мегардад, дар онҳо ба маблағи 363 млн сомонӣ (зиёда аз 30 млн доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст.

Дар ҳисоботи Вазорат гуфта мешавад, дар корхонаву коргоҳҳои зикргардида 2067 ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.

Вуруди сармоягузорӣ ба соҳаи саноат дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3,8 млрд сомонӣ (340 млн доллар) зикр мешавад.

Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки имсол истеҳсоли 35 навъи нави маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки қаблан дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешуд.

Тибқи пешгӯйии Вазорати саноат, то охири сол ба 292 адад расонидани корхонаву коргоҳҳои нав ба нақша гирифта шудааст.

“Айни замон ҷиҳати тақвияти корҳо оид ба сохтмони корхонаҳои металлургӣ, коркарди маъдан, истихроҷу коркарди фулузоти ранга ва қиматбаҳо то маҳсулоти ниҳоӣ зарурат пеш омад”, – менависанд дар Вазорат.

Ҳамчунин зарурати рушди соҳаҳои саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва доруворӣ дар заминаи бунёди паркҳои саноатӣ ва ҷорисозии лоиҳаҳои тайёри техникӣ таъкид мешавад.

Сармоягузориро барои амалисозии нақшаҳои зикршуда ҳукумат ният дорад ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ҷустуҷӯ кунад. Ҳамчунин сармоягузорӣ аз шарикони рушд (мададрасонони байнулмилалӣ) дар назар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ 2360 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст: соли ҷорӣ 1891-тои онҳо (80,2%) пурра кор карда, 374 корхона (15,8%) мавсимӣ фаъолият намуд ва 95 корхонаву коргоҳ (4%) аз фаъолият бозмонда буданд.

Сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро дар Вазорат омилҳои гуногун номбар мекунанд, аз қабили камбуди ашёи хом ё воситаҳои гардиш, анҷоми муҳлати иҷозатнома, кори мавсимӣ, фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолмешуда, тағйирёбии самти кор, баҳсҳои амволӣ ва ғайра.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.