Дар Тоҷикистон боз ду ҳолати нави сироят аз COVID-19 ошкор шуд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ду ҳолати нави сироят аз коронавирус ошкор шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. Ин ҳолатҳо то 9 ноябр сабт шуда, лекин мушаххасан зикр намегардад, ки ин ҳолатҳо дар куҷо ба қайд гирифта шудааст.

Дар маълумоти Вазорат гуфта мешавад, инчунин дар давраи аз 8 то 9 ноябр 2 нафар аз бемории мазкур солим гардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки ахиран ҳолатҳои нави сироят аз COVID-19 дар Тоҷикистон хеле кам сабт мешавад. Дар бораи ду ҳолати пештар аз ин қариб як моҳ пеш – 15 октябр хабар дода шуд. Ин дар ҳолест, ки аксари кишварҳо, аз ҷумла Русия дар бораи шумори рекордии сироятёбӣ ва маргумир аз ин беморӣ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ (30 апрели соли 2020) то имрӯз  дар кишвар 17 ҳазору 88 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 ҳазору 962 нафар  шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Қаблан сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров дар посух ба саволҳои “Азия-Плюс” сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ ба ин бемориро чунин шарҳ дода буд, ки мардум аллакай чӣ гуна эмин нигоҳ доштани худро аз ин беморӣ медонанд ва тавсияҳои табибонро барои пешгирии он риоя мекунанд.

“Дар мо ҳоло мавҷи сеюм ё чоруми коронавирус нест ва мо ҳама тадбирҳоро меандешем, то ки ин мавҷҳо пайдо нашаванд. Албатта, Вазорати тандурустӣ ба ҳама гуна ҳолатҳо омода аст. Хадамоти дахлдори Вазорат дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, яъне дар нуқтаҳои карантини санитарӣ ҳар рӯз нисбати шаҳрвандоне, ки ба кишвар меоянд, мушоҳидаҳои санитарию эпидемиологӣ мегузаронанд”, – иброз дошта буд вай.

Сабаби дигари пайдо нашудани ин бемориро ӯ ба ваксинагирӣ (эмкунӣ)-и аҳолӣ вобаста донист.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи тибқи нақша пешбинишуда қариб 45 фоизи аҳолӣ воя (доза)-и якуми ваксинаро гирифта, 36 фоизи аҳолӣ пурра эм карда шуд (ду вояи ваксина гирифт). Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки 5% одамон пас аз ваксинагирӣ дубора сироят ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...