Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон алҳол мавҷи нави СOVID-19 нест

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Русия рӯз то рӯз рекордҳои нави сироят аз коронавирус ва маргу мир аз он сабт мешаванд. Дар ин робита мавҷи нави сирояти Сovid-19-ро дар Тоҷикистон ҳам метавон интизор буд? Дар ин робита Вазорати тандурустӣ чӣ ҷораҳое рӯйи даст мегирад?

Ба саволҳои “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров посух дод.

– Чӣ гуна шуд, ки давоми ду моҳ дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуд? Дар дигар кишварҳо чунин оромӣ набуд. Ин ба чӣ рабт дорад?

– Сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба он вобаста аст, ки мардум аллакай чӣ гуна эмин нигоҳ доштани худро аз ин беморӣ медонанд ва тавсияҳои табибонро барои пешгирии он риоя мекунанд.

Сабаби дигари пайдо нашудани ин беморӣ ваксинагирӣ (эмкунӣ)-и аҳолӣ мебошад.

– Бо назардошти муҳоҷирати корӣ ва ба ватан баргаштани муҳоҷирон дар фасли зимистон, метавон тахмин кард, ки мавҷи сеюми (ё чоруми?) коронавирус дар Тоҷикистон ба зудӣ оғоз мешавад. Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳо баҳри пешгирии он чӣ корҳоро анҷом дода истодаанд?

– Дар мо ҳоло мавҷи сеюм ё чоруми коронавирус нест ва мо ҳама тадбирҳоро меандешем, то ки ин мавҷҳо пайдо нашаванд. Давоми рӯзҳои охир дар вилояти Суғд ду ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин ҳам аз дигар ҷой ворид шудааст.

Албатта, Вазорати тандурустӣ ба ҳама гуна ҳолатҳо омода аст. Хадамоти дахлдори Вазорати тандурустӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ, яъне дар нуқтаҳои карантини санитарӣ ҳар рӯз нисбати шаҳрвандоне, ки ба кишвар меоянд, мушоҳидаҳои санитарию эпидемиологӣ мегузаронанд.

Тавре ки маълум аст, дар фурудгоҳ шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшаванда тести ташхиси коронавирус месупоранд. Дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои мусбӣ вобаста ба ҳолати шахс, агар ӯ сироятёфтаи солим бошад, бояд давоми 10 рӯз бо се маротиба ташхис дар карантини хонагӣ бимонад ва дар сурати мавҷуд будани ҳарорат ва дигар аломатҳо, бояд ҳатман дар беморхона бистарӣ шавад.

– Агар ҷараёни сироятёбӣ ба бемории коронавирус дар Русия то ин андоза ҷиддӣ идома ёбад, оё парвозҳо байни кишварҳои мо бекор ё кам намешаванд?

– Айни замон дар ин бора сухан намеравад. Тадбирҳои пешгирӣ ва назорат роҳандозӣ мешаванд.

"Мо ба шуурнокии аҳолӣ умедворем"

– Оё дар тарзу усул (методика)-и муолиҷаи коронавирус ягон навгонӣ ҳаст?

– Имсол мо варианти панҷуми тавсияҳои худро оид ба табобат, ошкор ва назорати COVID-19 тасдиқ кардем. Ҳозир онро истифода мебарем. Ҷиҳати аз нав дида баромадани методология зарурате нест.

– Ҳоло дар кишвари мо чанд озмоишгоҳ (лаборатория) барои ташхиси коронавирус кор мекунад?

– 16 озмоишгоҳ.

– Ҳозир ташхиси коронавирус чанд пул аст?

– Барои онҳое, ки ба хориҷа мераванд, арзиши ташхис аз 120 то 160 сомониро ташкил дода, ташхис дар дохили кишвар бепул аст, лекин танҳо дар муассисаҳои давлатӣ.

– Оё имкон дорад, ки бо ягон роҳу восита мавсимҳои коронавирусро муайян кард?

– Ҳоло не. Аз оғози пандемия ҳамагӣ 1,5 сол гузашт, аз ин рӯ, дар ин бора ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Бояд 2-3 мавсим гузарад, то ки олимон дар ин бора хулосаи зарурӣ бароранд.

"5% ваксинагирифтагон боз сироят ёфтаанд"

– Дар ҷумҳурӣ чӣ қадар одамон пурра зидди коронавирус ваксина гиифтанд?

— Аз шумораи тибқи нақша пешбинишуда қариб 45 фоизи аҳолӣ воя (доза)-и якуми ваксинаро гирифта, 36 фоизи аҳолӣ пурра эм карда шуд (ду вояи ваксина гирифт).

– Оё Вазорати тандурустӣ маълумоти оморӣ дорад, ки чанд нафар пас аз гирифтани ваксина ба коронавирус гирифтор шудаанд?

– Бале, 5% аз ҳамаи ҳолатҳои гирифторӣ.

– Дар Тоҷикистон реваксинатсия (ваксинагирии дубора пас аз муддате баъди ваксинагирии пешина) дар назар аст? Онҳое, ки чунин хоҳиш доранд, ҳозир муроҷиат карда метавонанд?

– Дар гузориши ахири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар бораи реваксинатсия гуфта мешавад, ки агар кишварҳо то ба 60%-и эмкунии аҳолӣ нарасида бошанд, ҳоло метавонанд интизор шаванд. Бояд ёдовар шавам, ки мо ҳама ваксинаҳоро ба сифати кумаки башардӯстона мегирем, ба реваксинатсия бошад, кишварҳои сарватманд имкон доранд.

– Ин то кай давом мекунад?

– Дар ин бора сухан гуфтан хеле мушкил аст, коршиносони ҷаҳонӣ мегӯянд, ки шояд то соли 2023. Аммо ин танҳо як фарзия (гипотеза) аст.

– Ба сокинони ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус чӣ гуна тавсияҳо медиҳед?

– Тавсияи асосӣ ваксинагирӣ аст! Дар Тоҷикистон панҷ навъи ваксина дастрас аст: Pfizer, Moderna, AstraZeneca, «Спутник» ва CoronaVac. Аз ин имконият истифода баред! Ҳамчунин эҳтиёткор буда, гигиенаи шахсиро риоя намоед ва ниқоб пӯшед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...