Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қаҳрамониҳои милитсияи тоҷикро ёдовар шуд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон – Рӯзи милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфт.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар паёми шодбошии худ ба ин муносибат президент зикр кард, ки “натиҷаи хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аст, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони таъмини амнияти давлату миллати худ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромии ҷомеаро мебинанд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд”.

“…Зеро онҳо дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд, – омадааст дар паём. – Ҳангоми иҷрои вазифа ба хотири таъмин намудани зиндагии орому осудаи сокинон ва ҳимояи қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ дар сӣ соли сипаришуда садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро қурбон кардаанд, ки Ҳукумати мамлакат ва мардуми кишвар корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таъминоти моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди вазифаҳои хизматӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти милитсия ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

“Бовар дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ ба савганди худ содиқ мемонанд ва вазифаҳои хизматии хеш, яъне мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро бо садоқату матонат ва бо масъулияти дучанд иҷро мекунанд”, – зикр мешавад дар паём.

Сарвари давлат ҳамаи кормандони милитсияи тоҷикро ба ифтихори ҷашни касбиашон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафашон муваффақияту комёбӣ орзу кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...