Боздиди вазири корҳои хориҷӣ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 ноябр дар роҳи сафари худ ба Париж ҷиҳати иштирок дар Иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русиямулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, вазир зимни суҳбат дипломатҳоро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти қабули онро  ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 ноябр дар роҳи сафари худ ба Париж ҷиҳати иштирок дар Иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русиямулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, вазир зимни суҳбат дипломатҳоро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти қабули онро  ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қайд кард.

Таъкид гардид, ки маҳз Конститутсия барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.

Муҳриддин нақши муҳими президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, инчунин волоият ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон махсусан таъкид намуд.

Ӯ бо тазаккур аз хидматҳои арзандаи ходимони сиёсии давлат, ҳамчунин мукофоти давлатии “30 солагии Истиқлолият”-ро, ки бо фармони Президент сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сарфароз гардонида шуда буд, ба  ӯ тақдим кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.