Хушқадам ва Акмалиддин дар финали рақобатҳои самбои ҷаҳон

Asia-Plus

Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов палавонони хушноми тоҷик ба  финали рақобатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон роҳ ёфтанд. Ин рақобатҳо имрӯз дар пойтахти Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд оғоз шуданд ва то рӯзи 14-уми ноябр давом мекунанд. 

Хушқадам Хусравов, ки соли 20187 қаҳрамони самбои ҷаҳон шуда буд, дар вазни то 64 кило  аз даври 1/16-ниҳоӣ вориди рақобат шуд. Вай пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия ва Русия ба финал роҳ пайдо намуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ имрӯз бо Рахат Жананийет аз Қазоқистон вориди рақобат мешавад.

Акмалиддин Каримов, барандаи чор медали нуқраи рақобатҳои самбои ҷаҳон,  дар вазни то 58 кило аз даври ҳаштякниҳоӣ ба рақобат пардохт. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар варзишгарон аз Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ, ки имрӯз сурат мегирад, рақибаш Саян Хертек аз Русия мебошад.

Инду варзишгари хушноми тоҷик шогирдони муррабии саршиноси тоҷик Муҳаммадшари Сулаймонов мебошанд. Худи Муҳаммадшариф Сулаймонов дар Тошканд шогирдонашро ҳамроҳӣ мекунад. 

Дар роқобатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон варзишгарони 50 кишвари дунё ширкат доранд, Тоҷикистонро дар сабқати мардон, дар  самбои варзишӣ ҳафт варзишгар – Акмалиддин Каримов (-58 кг), Хушқадам Хусравов (-64 кг.) Муҳаммадисо Раҷабов (-71 кг), Ҳамроз Раҷабов (-79 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Фирдавс Насимов (-98 кг)  ва Хуршед Маҷидов дар вазни + 98 кило – намояндагӣ мекунанд.

Инчунин имрӯз, 12-уми ноябр, дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 59 кило Шоҳида Қаландарова ширкат варзид. Ӯ ба рақобат аз даври 1/8-ниҳоӣ сар кард ва аз рақибаш Анда Валвои аз Руминия шикаст хӯрд.

Шаш нафари дигар – Бобохон Мирзозода (-58 кг), Сорбон Латифов (-64 кг), Саидҷони Ҳайдар (-71 кг), Табрезшо Парпишоев (-79 кг), Фаридун Одилов (-88 кг) ва Олимхоҷа Олимов (-98 кг) – дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок хоҳанд кард.

Ба барандагони медалҳои тилло дар ҳар вазн 4 000 доллари ИМА, барои медалҳои нуқра 3 000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 2 000 доллари ИМА супурда мешавад.

Тоҷикистон то кунун се қаҳрамони рақобатҳои самбои ҷаҳон дорад: cоли 1975 паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов, соли 2017 Беҳрӯзи Хоҷазода  ва соли 2018 Хушқадам Хусравов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...