Осорхонаи “Бибихонум” дар Бохтар бинобар ҳолати садамавӣ баста шуд

Осорхонаи “Бибихонум” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бино баста шуд. Мудири осорхона Сафарбек Одинаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки осорхона муваққатан баста шудааст, зеро он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, девори рости он фурӯ рафта ва бисёр ҷойҳояш кафидааст. Рӯзи 10 ноябр […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Осорхонаи “Бибихонум” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бино баста шуд.

Мудири осорхона Сафарбек Одинаев ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки осорхона муваққатан баста шудааст, зеро он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, девори рости он фурӯ рафта ва бисёр ҷойҳояш кафидааст.

Рӯзи 10 ноябр мо аз осорхонаи мазкур воқеъ дар теппаи “Қӯрғон” боздид намуда, дар қисмати рости бинои осорхона тарқишҳои деворро дидем.

Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Фатҳулло Умаров гуфтаҳои директори осорхонаро тасдиқ намуда, илова кард, ки  бобати дар ҳолати садамавӣ қарор доштани осорхона шаҳрдорӣ ва раиси вилояти пешакӣ огоҳ карда шуда, аз ҷониби онҳо тасмим гирифта шуд, ки бино таъмиру бозсозӣ мешавад.

Як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар хабар дод, ки раҳбарияи шаҳр айни замон масъалаи таъмиру навсозии теппа ва осорхонаро баррасӣ дорад.

“Таъмиру навсозии теппаи “Қӯрғон” кайҳо дар нақша буд, вале бо сабаби пандемия ба таъхир афтод. Ҳозир якчанд корхонаҳо ба таҳияи лоиҳа ва сипас мувофиқаи он бо раҳбарияти вилояту ҷумҳурӣ машғуланд. Шояд соли 2022 ба ин корҳо оғоз кунем. Ба лоиҳакашҳо супориш дода шудааст, ки биноро тарзе тарҳрезӣ кунанд, то теппа симои қадимии худро гум накунад”, – илова кард ӯ.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар теппаи “Қӯрғон” бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонт, амфитеатр ва чойхонаи миллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки теппаи “Қӯрғон” яке аз макони таърихиву фарҳангии шаҳри Бохтар аст. Он ҳамчунин рамзи шаҳр мебошад. То солҳои 90-ум дар теппа боғ ва чойхонаи миллӣ амал мекарданд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ онро таъмиру таҷдид намуда, дар ҷойи чойхона осорхона сохтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.