Шаҳрдории Душанбе пешниҳоди кӯчонидани хона-музейи Айниро тасдиқ кард

Date:

Шаҳрдории Душанбе хабари кӯчонидани хона-мезейи Садриддин Айниро дар пойтахти кишвар тасдиқ намуд, вале гуфт, ҳоло ин масъала ниҳоӣ нашудааст.

“Дар ҳақиқат шаҳрдорӣ ба Академияи милии илмҳои Тоҷикистон барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешниҳод ироа намудааст. Вале ин қарор ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сухангӯи шаҳрдорӣ Ҷамшед Олимзода.

Ба гуфтаи Олимзода, дар сурати вайрон кардани хона-музей низ дар ҷойи он бунёди ягон бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо дар мавриди дар ин макони сохта шудани меҳмонхона ё бинои таъйиноти дигар асоси воқеӣ надоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дирӯз, 11 ноябр “Азия-Плюс” аз қавли манбаъи худ хабар дода буд, ки дар Душанбе масъалаи тахриби хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар бораи тахриби осорхона аз номи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нома расидааст.

“Дар мактуб гуфта мешавад, осорхона ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқ набуда, симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад”, – хабар дода буд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...