Шаҳрдории Душанбе пешниҳоди кӯчонидани хона-музейи Айниро тасдиқ кард

Шаҳрдории Душанбе хабари кӯчонидани хона-мезейи Садриддин Айниро дар пойтахти кишвар тасдиқ намуд, вале гуфт, ҳоло ин масъала ниҳоӣ нашудааст. “Дар ҳақиқат шаҳрдорӣ ба Академияи милии илмҳои Тоҷикистон барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешниҳод ироа намудааст. Вале ин қарор ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе хабари кӯчонидани хона-мезейи Садриддин Айниро дар пойтахти кишвар тасдиқ намуд, вале гуфт, ҳоло ин масъала ниҳоӣ нашудааст.

“Дар ҳақиқат шаҳрдорӣ ба Академияи милии илмҳои Тоҷикистон барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешниҳод ироа намудааст. Вале ин қарор ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва он дар марҳилаи омӯзиш қарор дорад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сухангӯи шаҳрдорӣ Ҷамшед Олимзода.

Ба гуфтаи Олимзода, дар сурати вайрон кардани хона-музей низ дар ҷойи он бунёди ягон бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо дар мавриди дар ин макони сохта шудани меҳмонхона ё бинои таъйиноти дигар асоси воқеӣ надоранд.

Дирӯз, 11 ноябр “Азия-Плюс” аз қавли манбаъи худ хабар дода буд, ки дар Душанбе масъалаи тахриби хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар бораи тахриби осорхона аз номи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нома расидааст.

“Дар мактуб гуфта мешавад, осорхона ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқ набуда, симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад”, – хабар дода буд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.