Дар Душанбе мехоҳанд Осорхонаи Садриддин Айниро тахриб кунанд

Дар Душанбе тибқи маълумоти тасдиқношуда, масъалаи тахриби Осорхона (Хона-музей)-и сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ баррасӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба ин осорхона. Ба гуфтаи манбаъ, дар бораи тахриби осорхона аз номи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нома расидааст. “Дар мактуб гуфта мешавад, осорхона […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе тибқи маълумоти тасдиқношуда, масъалаи тахриби Осорхона (Хона-музей)-и сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ баррасӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба ин осорхона.

Ба гуфтаи манбаъ, дар бораи тахриби осорхона аз номи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нома расидааст.

“Дар мактуб гуфта мешавад, осорхона ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқ набуда, гӯиё симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи он чӣ сохта мешавад”, – хабар дод манбаъ.

Дар шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” ваъда доданд, ки оид ба ин масъала маълумот пешниҳод хоҳанд кард.

Ҳамчунин доир ба шарҳи ин масъала ба Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ муроҷиат намудем, лекин аз сухан гуфтан дар ин бора ӯ худдорӣ варзид.

Хабар давоми рӯз такмил меёбад.

Ҳоло навори видеоро, ки се сол пеш таҳия намуда будем, тамошо кунед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.