Толибон кори кинотеатрҳои Кобулро манъ карданд

Ҳаракати тундгарои “Толибон”, ки ҳокимиятро дар Афғонистон зери назорат гирифт, кори кинотеатрҳоро дар Кобул манъ кард, хабар медиҳад Фергана бо истинод ба Associated Press. Гуфта мешавад, Толибон ба хулосае расидаанд, ки фаъолияти кинотеатрҳо, ки дар онҳо бештар филмҳои ҳиндӣ, аврупоӣ ва амрикоиро намоиш медоданд, хилофи қонунҳои шариат аст. Кинотеатри таърихии “Ориёно” низ дар ин саф […]

Ҳаракати тундгарои “Толибон”, ки ҳокимиятро дар Афғонистон зери назорат гирифт, кори кинотеатрҳоро дар Кобул манъ кард, хабар медиҳад Фергана бо истинод ба Associated Press.

Гуфта мешавад, Толибон ба хулосае расидаанд, ки фаъолияти кинотеатрҳо, ки дар онҳо бештар филмҳои ҳиндӣ, аврупоӣ ва амрикоиро намоиш медоданд, хилофи қонунҳои шариат аст.

Кинотеатри таърихии “Ориёно” низ дар ин саф қарор гирифт. Ин кинотеатр чанд даҳсола пеш ба фаъолият оғоз карда, қадимтарин кинотеатри амалкунанда дар пойтахти Афғонистон буд.

“Ориёно” замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1996 осеб дида, пас аз сарнагунии Толибон таъмиру барқарор ва соли 2004 дубора боз шуд.

Кормандони кинотеатр бо умеди дубора боз шудани он ҳоло ҳам ба кор мебароянд, лекин бар ин назаранд, ки дигар ба онҳо намоиши филмҳои фароғатӣ иҷоза дода намешавад.

“Кино хеле муҳим аст, бе он фарҳанг ҳам намешавад. Тавассути филмҳо мо бо ҳаёти дигар кишварҳо – Амрикову Аврупо ва Ҳиндустон шинос шуда метавонистем”, – гуфтааст дар суҳбат бо рӯзноманигорон яке аз кормандони он.

Моҳи августи соли ҷорӣ пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон нахустин зан-директори ягона ширкати кинои Afghan Film Саҳрои Каримӣ маҷбур шуд Афғонистонро тарк кунад. Вай бо яке аз хатсайрҳои кӯчбандӣ ба Киев парвоз кард, зеро аз бехатарии худ дар зери ҳукмронии Толибон метарсид.

Қобили  зикр аст, ки дар замони аввали ҳукмронии худ дар Афғонистон – солҳои 1996-2001 низ Толибон киноиндустрия ва кори кинотеатрҳоро манъ карда буданд.

Аввали солҳои 90-ум дар Афғонистон 43 кинотеатр амал мекард, ки 23-тои он дар Кобул ҷойгир буд. Моҳи декабри соли 2020 бошад, дар пойтахти Афғонистон ҳамагӣ 4 кинотеатр фаъолият дошт.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.