Тоҷикистон Нақшаи миллии низоми озуқавориро муаррифӣ кард

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҷаласаи сатҳи баландро оид ба муаррифии Нақшаи миллии низоми озуқаворӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, Созмони Милали Муттаҳид, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ баргузор намуданд.   Ин нишаст идомаи Саммити глобалӣ оид ба низоми озуқаворӣ мебошад, ки моҳи сентябри соли 2021 […]

Иттилоияи расмӣ

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҷаласаи сатҳи баландро оид ба муаррифии Нақшаи миллии низоми озуқаворӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, Созмони Милали Муттаҳид, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ баргузор намуданд.  

Ин нишаст идомаи Саммити глобалӣ оид ба низоми озуқаворӣ мебошад, ки моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Рим баргузор шуд, ки дар он Дабири кулли СММ аз кишварҳо даъват ба амал овард, то низомҳои озуқаи устуворро барои вусъат бахшидан ба дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ва ноил шудан ба рушди солимтар ва устувортар қабул намоянд.

Таъмини бехатарии озуқаворӣ яке аз панҷ самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон мебошад, зеро сарфи назар аз беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳар се як хонавода аз ҷиҳати амнияти озуқаворӣ осебпазир ҳисобида мешавад, ки ин ба кӯдакон бештар таъсири манфӣ мерасонад.

Набудани ғизои кофӣ ва босифат рушди ҷисмӣ ва равонии кӯдаконро маҳдуд мекунад ва ба маҳсулнокии ояндаи фаъолияти онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа, камғизоӣ ҳар сол ба кишварҳо талафоти зиёди иқтисодӣ меорад.

Хонум Сезин Синаноғлу, Ҳамоҳангсози доимии СММ, зимни суханронӣ дар чорабинӣ чунин таъкид намуд: “Ба роҳ мондани низоми озуқаи устувор на танҳо барои таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ғизо, балки барои рушди иқтисоди сабз ва таъмини ҷойҳои нави корӣ муҳим аст. Мо бояд дар мавриди зиёд намудани истеҳсоли ғизо, таъсири он ба табиатро низ ба инобат гирем. Дар як қитъаи замин бо истифода аз усулҳои устувори кишоварзӣ бештар маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол намудан мумкин аст. СММ дар Тоҷикистон омода аст, ки дар татбиқи нақшаи миллии низоми озуқаворӣ ҷиҳати таъмини озуқаи бехатар ва серғизо барои ҳама ҳамкорӣ намояд.”

«Таъмини бехатарии озуқаворӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳар як давлат буда, Тоҷикистон низ дар ин самт пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳадаф аз қабул ва тасвиби ин иқдом беҳбуди бехатарии озуқаворӣ дар кишвар аст. Он вазорату идораҳоро барои андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати аз байн бурдани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатӣ ҳавасманд хоҳад кард», – иброз дошт Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Нақшаи миллии низоми озуқаворӣ, ки барои ҳалли камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи устувори озуқа дар кишвар пешбинӣ шудааст, тамоми ҷузъҳои асосии заруриро дар бар мегирад: истеҳсол, коркард, тақсимоти озуқаворӣ, стандартҳои бехатарӣ, фурӯш, истеъмол ва истеъмоли он.

Ҳадафҳо ва фаъолиятҳои Нақша аз инҳо иборатанд: дастрасӣ ба озуқавории бехатар ва серғизо барои ҳама, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, истеҳсоли органикӣ, некӯаҳволӣ ва баробарӣ ва устуворӣ (барқарорсозӣ).  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.