Қадам Исматов, як фаъоли тоҷикро баъди 16 сол аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд

Asia-Plus

Як фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Қадам Исматовро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд. Идораи шиносномадиҳии шаҳри Саратови Русия Исматовро дар ин бора хабардор кардааст.

Исматов рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст,, ки "пайваста дар Интернет аз камбудҳои мақомоти Тоҷикистон менависад ва баъди лағви шаҳрвандиаш аз эҳтимоли истирдод шудан ба кишвар нигарон аст".

Моҳи марти соли гузашта Раёсати корҳои дохилии Саратов масъалаи бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматови 58-соларо матраҳ карда буд, аммо додгоҳ моҳи декабри соли 2020 баҳсро ба нафъи ӯ ҳал карда буд. Исматов соли 2005 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд.

Қадам Исматов мегӯяд, мақомоти Русия шаҳрвандии ӯро 22-юми сентябр бекор кардаанд, аммо ӯро се рӯз пеш тавассути почта огоҳ кардаанд.

"Вақте ба Идораи паспортдиҳии Саратов муроҷиат кардам, гуфтанд, гуё дар вақти дарёфти шаҳрвандӣ маълумоти нодуруст пешниҳод карда будаам. Ман аз соли 2005 шаҳрванди Русия ҳастам. Чаро маҳз имрӯз маълумоти пешниҳодии ман нодуруст баромад?",-гуфтааст ӯ. 

Исматов пас аз адои хидмати сарбозӣ дар Русия, аз соли 1993 ба ин тараф дар Саратов зиндагӣ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...