Қадам Исматов, як фаъоли тоҷикро баъди 16 сол аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд

Як фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Қадам Исматовро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд. Идораи шиносномадиҳии шаҳри Саратови Русия Исматовро дар ин бора хабардор кардааст. Исматов рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст,, ки "пайваста дар Интернет аз камбудҳои мақомоти Тоҷикистон менависад ва баъди лағви шаҳрвандиаш аз эҳтимоли истирдод шудан ба кишвар нигарон аст". Моҳи марти соли […]

Як фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Қадам Исматовро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд. Идораи шиносномадиҳии шаҳри Саратови Русия Исматовро дар ин бора хабардор кардааст.

Исматов рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст,, ки "пайваста дар Интернет аз камбудҳои мақомоти Тоҷикистон менависад ва баъди лағви шаҳрвандиаш аз эҳтимоли истирдод шудан ба кишвар нигарон аст".

Моҳи марти соли гузашта Раёсати корҳои дохилии Саратов масъалаи бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматови 58-соларо матраҳ карда буд, аммо додгоҳ моҳи декабри соли 2020 баҳсро ба нафъи ӯ ҳал карда буд. Исматов соли 2005 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд.

Қадам Исматов мегӯяд, мақомоти Русия шаҳрвандии ӯро 22-юми сентябр бекор кардаанд, аммо ӯро се рӯз пеш тавассути почта огоҳ кардаанд.

"Вақте ба Идораи паспортдиҳии Саратов муроҷиат кардам, гуфтанд, гуё дар вақти дарёфти шаҳрвандӣ маълумоти нодуруст пешниҳод карда будаам. Ман аз соли 2005 шаҳрванди Русия ҳастам. Чаро маҳз имрӯз маълумоти пешниҳодии ман нодуруст баромад?",-гуфтааст ӯ. 

Исматов пас аз адои хидмати сарбозӣ дар Русия, аз соли 1993 ба ин тараф дар Саратов зиндагӣ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.