Додситони Дарвоз аз “оксиди карбон” заҳролуд шуда фавтидааст

Asia-Plus

Додситони ноҳияи Дарвоз Ҳақназарзода Бахтиёр Ҳақназар дар манзили зисташ дар шаҳраки Қалъаи Хумби маркази Дарвоз,  аз оксиди карбон (угарный газ) заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон  ба «Азия-Плюс» хабар дод. Ба гуфти манбаъ, ин ҳодиса дирӯз рух дода,  тафтишоти ҳодиса идома дорад.

То кунун мақомот расман дар ин бора изҳори назар накардаанд. Талошҳои «Азия-Плюс»  барои ба даст овардани ҷузъиёти ҳодиса аз Додситонии кул, додситонии Дарвоз, ҳукумати ноҳияи Дарвоз  ва мақомоти дигар натиҷа надод.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худаш, далели марги додситонро сар задани сӯхтор дар манзили зисти ӯ унвон кардааст.

Бахтиёр Ҳақназарзода хатмкардаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли  1999 дар мақомоти додситонии вилояти Хатлон, ноҳияиҳои Шаҳритус, Ҷомӣ  ва Ёвон  дар вазифаҳои гуногун кор карда, соли 2016 муддате иҷрокунандаи додситони ноҳияи Панҷ будааст

Чор соли ахир ( аз моҳи январи соли 2017) додситони ноҳияи Дарвози ВМКБ ва мушовири адлияи дараҷаи 2 буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

                      

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...