Дигар беватан нест: Сиркбози африқоӣ баъди оворагии чандсола аз Тоҷикистон ба Танзания бармегардад

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Кишвари Танзания шахсияти сиркбози африқоиро, ки 10 сол пеш ба Тоҷикистон омада ҳуҷҷатҳояшро гум кардаву бехонумон монда буд, тасдиқ намуд. Бар асоси санаде, ки Сафорати Танзания дар Маскав ба Ташилоти ҷамъиятии “Диёр” дар шаҳри Хуҷанд додааст, Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ бояд то нимаи моҳи январи соли 2022 ба ватанаш баргардонида шавад.

Дар мавриди сарнавишти ин сиркбози африқоӣ, ки 10-сол аст дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон азоби дарбадариву оворагиву муздуририву мардикориро мекашад, “Азия-Плюс” матлаби муфассале навишта буд.

Баҳринисо Абдураҳмонова, роҳбари Ташилоти ҷамъиятии “Диёр” чанде пеш барои ҷустуҷӯи санад ва дақиқ кардани  шахсияти ин сиркбоз ба Маскав рафта буд.

Ӯ баъди бозгашт рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, шахсияти Салим ё худ Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ аз сӯйи Сафорати Танзания дар Русия тасдиқ шуд ва ҳамакнун бояд ба ватанаш баргардонида шавад.

“Ниҳоят мо ҳуҷҷати бозгашти ин ҷавони африқоиро ба ватанаш ба даст овардем. То 21 январи соли 2022 ӯ бояд Тоҷикистонро тарк кунад. Ман қаблан дар бораи ӯ дар барномаи “Жди меня”  нақл карда будам. Онҳо гуфтанд то охир барои Салим кӯмак мекунанд ва маблағи бозгашти чиптаи ҳавопаймои ӯро пардохт мекунанд. Мо ҳоло Салимро барои гусел омода мекунем. Худоро шукр, ки ӯ ба ватани худаш бармегардад. Ман фикр мекунам ҳуҷҷаташро барқарор мекунад ва рӯзе боз ба Тоҷикистон меояд”- гуфт Абдураҳмонова.  

Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ дар замони таҳияи матлаби пештараи "Азия-Плюс" гуфта буд, дар баробари пайдо кардани дӯстони тоҷикаш рӯзҳои сахти бехонумониву безабониву ночориро паси сар мекунад. Аз ҷумла вай афзуда буд, дар муддати 10 соли будубоши бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунандааш нафарони зиёд бо мақсади дарёфти ҳуҷҷати бозгашташ фиреб дода буданд. Аммо ҳоло мегӯяд, аз шунидани хабари бозгашт ба ватанаш хело шод аст ва ин рӯзро ҳамчун ҷашни ҳаётияш ёд мекунад.

“Ман хело шодам, бовар надоштам, ки касе ба ман кӯмак мекунад. Ӯ гуфта буд, имкони гирифтани ҳуҷҷати бозгашт мавҷуд аст. Вале ман фикр кардам ба мисли пештара фиреб медиҳанд. Ҳоло ақидаам дигар шуд. Ин рӯз дар таърихи ҳаёти ман ҳамчун ҷашн боқӣ мемонад. Ҳоло ба забонам чизе намеояд, фақат ҳаминро мегӯям, ки раҳмати калон ба нафароне, ки барои дарёфти ҳуҷҷату бозгаштани ман талош карданд”.

Ин ҷавони сиркбози африқоиро дар Тоҷикистон дӯстонаш ҳамчун Салим ном мебаранд ва мешиносанд. Вай мегӯяд, баъди бозгашт ба ватанаш ҳамнишинонаш ва ин кишварро бо рӯзҳои хубу бадаш ёд мекунад ва ба хотир меорад.

Салим соли 2012 ҳамроҳи ҳайати ҳунармандони “Сирки калон”-и Лаҳистон барои ҳунарнамоӣ ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Душанбе омад, вале дар бозори Саховати пойтахт ҷузвдонашро, ки дар дохилаш ҳама ҳуҷҷатҳо, телефони мобилӣ ва маблағаш буд, гум кард ва беҳуҷҷат монд. Он вақт роҳбари ҳайати “Сирки калон” ваъдаи баргардонидани ӯро карду аз Душанбе рафт, вале баъдан бедарак шуд. Баъди ин ҳодисаҳо Салим дар Душанбеву Кӯлобу Турсунзодав ва Хуҷанд мардикорӣ низ карду азоби гуруснагиро ҳам чашид. Чаҳор сол пештар аз Душанбе ба Хуҷанд омад ва баъди сарсониву саргардониҳои зиёд ӯро бозошт намуда, дар “Хонаи афроди бесарпаноҳони шаҳри Хуҷанд” ҷо карданд.

Чанд моҳ пештар ин сиркбози африқоӣ аз ин хона парваришгоҳ ба Ташкилоти ҷамъиятии “Диёр” нома ирсол карда дар он илтиҷо кардааст, ки “илтимос ба ман кӯмак кунед”.

Баъдан ин ташкилот даст ба кор шуд ва ба сафоратхонаҳои Тоҷикистону Танзания нома навишт. Аммо номаҳо беҷавоб буданд. Баҳринисо Абдураҳмонова чанд ҳафта пештар дар доираи як сафар ба суроғи Сафорати Танзания ба Маскав рафт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти сиркбози бехонумонмондаи африқоиро пайдо кард. Роҳбари ин ташкилот мегӯяд, дар амалишавии орзуҳои бозгашти Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ барномаи телевизионии “Жди меня” нақш бозид, ки чанд вақт пештар дар бораи саргузашташ лавҳаи телевизионие омода карда буданд.

Саргузашти ин ҳунарманди сирк, ки замоне дар ҳайати дастаи  “Africans Boys” дар барномаи рақобатии байналмиллалии "Минута славы”-и Русия шӯҳратёб шуда буд, дар Тоҷикистон ба як сирки воқеӣ табдил ёфта буд. Салум Абдулҳа Кимбумбунӣ, ки қаблан гуфта буд ҳама умедаш ба посухи Сафорати Танзания ва барномаи “Жди меня” аст, ки сарнавишташ ба чӣ чизи дигаре рақам мехӯрад. Ҳоло ин ҷавон барои бозгашт ба ватанаш омодагӣ мебинад ва дӯстони тоҷикаш ҳам дар ин кор ба ӯ кӯмак мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...