Ҷузъиёти фирори Ашраф Ғанӣ аз забони раиси дафтараш: “Ин фирор як миллатро шармсор кард”

Date:

Матин Бек, охирин раиси дафтари Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин ва фирории Афғонистон, ҷузъиёти фирори Ғанӣ ва авзои чанд рӯз пеш аз суқути Кобулро дар як гуфтугӯйи вижа бо "BBC форсӣ" дар миён гузоштааст.

Раиси дафтари Ғанӣ мегӯяд, ки оқои Ғанӣ бо фирори худ сабаби суқути низом дар Афғонистон, таҳқиру тавҳини неруҳои амниятӣ ва барбодии орзуҳои як насл шуд. 

Матин Бек дар барномаи "Ба иборати дигар"-и  "BBC форсӣ" мегӯяд, ки рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ Арг ё кохи раёсатҷумҳурӣ амтарин ҷойи Кобул буд ва ҳеч хатаре ба раисҷумҳур таҳдид намекард.

Ин мансабдори хеле наздик ба Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки ду-се рӯз пеш аз фирор раисҷумҳур бо мушовири амнияти миллии худ Ҳамдулло Муҳиб бисёр бо ҳам менишастанду тарҳҳое мекашиданд. 

Ба гуфтаи Матин Бек, дар ин рӯзҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар Давҳаи Қатар буд, ба ӯ занг задаасту берун аз қоидаи дипломатӣ ба таври хусусӣ вазъиятро пурсидааст, ки эшон аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ хостаанд, ҳарчи зудтар ба Кобул баргардад, ки вазъ хуб нест. 

Ҷузъиёти дигар ва асосиро метавонед аз ин барнома бибинед.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...